Бахшҳо

Донишҷӯи тоҷик дар бораи вазъи тоҷикони муқими Миср

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон” бо яке аз донишҷӯёни тоҷики муқими Миср, ки ба хотири гурез аз мушкилисозиҳои эҳтимолии мақомот нахост номашро ифшо кунад.

Озодагон: То ҷое медонем, Шумо феълан дар Қоҳира ба сар мебаред, лутфан мегуфтед, ки ҳоло вазъ дар Миср чӣ гуна аст?

Донишҷӯ: Аз рӯзҳои пештара нисбатан хубтар аст.

Озодагон: Яъне, вазъ рӯ ба беҳбудист?

Донишҷӯ: Бале, аз лиҳози гашту гард ва вазъияти васоити нақлиёт ва дигару дигар, вазъият беҳтар шуда истодааст. Аммо гирдиҳамоиҳо идома доранд. Шахсан ман худам ду рӯз мешавад, дар кӯчаҳои Қоҳира давр мезанам. Ҳеч хатареро намебинам, вале танҳо аз соати 7:00-и бегоҳ то 6:00-и субҳ баромадан мамнӯъ аст.

Озодагон: Сафорати Тоҷикистон дар Миср чанде қабл гуфта буд, аксари диаспораҳои тоҷик дар наздикии макони нооромиҳо, яъне гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот ба сар мебаранд, ин хақиқат дорад? Агар ҳа, пас дар кадом вазъ қарор доранд?

Донишҷӯ: Албатта, донишҷӯёни тоҷик на дар макони тазоҳурот, балки наздикии онҳо ба сар мебаранд. Вале ба ҳар ҳол вазъияти донишҷуёни тоҷик дар Миср хуб аст.

Озодагон: Бо вуҷуди он ки донишҷӯёни тоҷик дар наздики маконҳои ноором ба сар мебаранд, вазъашон хуб аст?

Донишҷӯ: Алъон дар майдони Робиа ал-Адавия касе намондааст. Дар ин майдон гирдиҳамоӣ дигар нест. Гирдиҳамоиҳо дар вилоят ва майдонҳои дур аз марказ идома доранд. Ин гирдиҳамоиҳое, ки дар майдонҳои пойтахт буд, мисле, ки дар маҳаллаи Садбарги Душанбе гирдиҳамоиҳост ва тоҷикон дар маҳаллаҳои Саховату Корвон зиндагӣ мекунанд.

Озодагон: Шумо мегӯед, вазъияти донишҷӯёни тоҷик дар ҳоли ҳозир хуб аст, дар гузашта чӣ тавр буд? Яъне, дар рузҳои нооромии шадид...

Донишҷӯ: Дар он рӯзҳо, танҳо рӯзҳои чоршанбеву панҷшанбе тамоман баромада намешуд. Баъзе вақт чархболҳо дар болои сар давр мезаданд. Васоити нақлиёт дар ин рӯзҳо фаъол набуд.

Озодагон: Яъне, ин ду рӯзро Шумо пурра дар хона паси сар кардед?

Донишҷӯ: Бале, дар дохили хона ё хобгоҳ. Шахсан ман худам чунин вазъ доштам.

Озодагон: Хурокворӣ аз куҷо дастрас мекардед?

Донишҷӯ: Ман ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам, ғизо дар як рӯз ду бор инҷо ройгон аст. Аммо ашхосе, ки дар хобгоҳ нестанд, метавонистанд, ки баромада аз дукони назди хонаашон чизе харанд.

Озодагон: Ба ҳамагон маълум аст, дар ин гуна рӯзҳои нооромӣ кӯчаҳо пур аз мардуми авбош мешавад, чи тавре хабар дорем соли гузашта молу амвол, яъне телефони мобилӣ ва нотбуки бархе аз донишҷӯёни тоҷик чандин бор аз сӯи авбошон дар кӯчаҳо ба зурӣ гирифта шуд, дар ин рӯзҳо хатаре ба ҷони худ эҳсос намекардед?

Донишҷӯ: Ростӣ, дар ин ду рӯз не ва ин гуна амалҳо ҳам ба вуҷуд наомадаст.

Озодагон: Бархеҳо мегӯянд, азбаски аксари диаспораи тоҷик муҳассилини донишгоҳҳои динӣ мебошанду ба тариқи ғайрирасмӣ дар ин кишвар ҳузур доранд ва дар сурати печида шудани вазъ Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира имкон надорад амнияти онҳоро пурра таъмин кунад. Дар ин бора чӣ назар доред?

Донишҷӯ: Ин суханҳо, шояд ба хотире аст, ки мардум ба ватан ҳарчӣ зудтар баргарданд.

Озодагон: Агар Худое накарда, вазъ дар Миср бадтар шавад, ҳамаи донишҷӯёни тоҷик имкони берун шудан аз ин кишварро доранд? Чун маълум аст, сафар маблағ талаб мекунад?

Донишҷӯ: Шояд ҳамаашон натавонанд, вале аксаран имкон доранд.

Озодагон: Баъзеҳо мегӯянд, аксари диаспораи тоҷик Мисрро тарк карда истодаанд, ин ҳақиқат дорад?

Донишҷӯ: Бале, аммо на ба шакле, ки соли 2011 дар инҷо вазъият ноором буду гуруҳ-гуруҳ сафар мекарданд.

Озодагон: Худи Шумо дар мавриди тарки Миср чӣ ният доред?

Донишҷӯ: Банда нияти тарки Мисрро дорам, вале на ба хотире, ки инҷо ноором аст, балки нияти сафар барои кор ба Русияро дорам ва ин тасмими ман қабл аз нооромиҳои ин кишвар буд. То оғози соли дониш каме кор кунам, баъдан боз бармегардам.

Озодагон: Тавре маълум аст, дар Миср як иттиҳодияи тоҷикон вуҷуд дорад, метавонед дар бораи он каме маълумот диҳед, ки чӣ гуна иттиҳодия мебошад ва то куҷо бо диаспораҳои тоҷик дар иртибот аст?

Донишҷӯ: Ин иттиҳодия, Созмони донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Мисри Араб-”اتحاد طلبة طاجيكستان بجمهورية مصر العربية” ном дорад. Он аз соли 2001 инҷониб фаъолият дорад. Ин созмон дар назди ҳукумати Миср ба қайд гирифта шудааст ва расмӣ мебошад. Ҳамеша бо донишҷуён аст ва азбаски муассисони он донишҷӯ мебошанд, ҳадаф аз таъсиси он низ хидмат ба донишҷуён аст.

Озодагон: Тақрибан, гуфта метавонед, ки имрӯз чӣ теъдод тоҷикон дар Мисранд?

Донишҷӯ: Се-чор моҳ пештар гуфта мешуд, ки шояд тоҷикони муқими Миср ба 400-500 нафар расад. Азбаски алъон мавсими таътил аст, бисёриҳо ба ватан сафар кардаанд. Шояд тақрибан 250- 300 нафар бошанд ё аз ин ҳам камтар.
Мӯҳр
бародар донишчу хамин расия кучо меои хаминкадар точик бекадр аст ки каме номус карда аз расия худори кунед нафсатонро кушед наравед биеед русияравиро бас кунем нони кок хурему наравем барои чи мо ин кадар беномусем чи бало задааст ин милатро аз точик гуфтан шарм медори ман дар тч аму проездом рафтам фахр карда паспортамро точик гуфта нишон додам еее сагу пишакашон аз точик бакадртар аст биеед нони кокро бо об хурему номус карда наравем охир дар хамин тч кор бисер аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)