Гаронишавии бензин дар Душанбе ва қарори нави Русия дар бораи боҷ

Дар ҳоле, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон давоми як ҳафтаи охир майли гаронӣ дорад, Русия эълон намуд, ки аз 1-уми сентябр боҷи содиротии маҳсулоти нафтияшро нисбат ба моҳи август 5,5 дарсад ё худ 20 доллар қиматтар мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисоди ин кишвар, аз 1-уми сентябр содиркунандагони маҳсулоти нафтӣ аз Русия барои ҳар тонна бензин 360,6 доллари амрикоӣ пардохт мекунанд, ки нисбати моҳи равон ҳудуди 20 доллар болотар аст. Барои маҳсулоти нафтии рӯшани дигар аз ҷумла сӯзишвории дизелӣ боҷи содиротӣ сари ҳар тонна 264,2 доллар муайян шудааст, ки нисбати ба нишондоди ҳозира 15 доллар қимматтар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки айни ҳол нарх дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон майли гаронӣ дорад. Як фурӯшандаи сӯзишвории ширкати “Газпром” дар Душанбе ба “Озодагон” гуфт, аз 17-уми август бензини навъи АИ 92 30 дирам боло рафта, аз 6 сомонӣ то ба 6,3 сомонӣ расидааст: “Бензини навъи АИ 80 аз дина 40 дирам боло рафта, то ба 5,6 расид.” Ин фурӯшанда таъкид намуд, ки нархи газ бошад 10 дирам арзон шуда, аз 2,6 то ба 2,5 расидааст.
Масъулини ширкатҳои воридкунанда, ин болоравии нархро ба коҳиши воридоти маводи сухт ба кишвар марбут гуфтанд. Ин дар ҳолест, ки Русия аз 1-уми август низ боҷи содиротиро боло бурда буд ва аз лағви он, ки яке аз мақсадҳои сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав гуфта мешуд, ҳанӯз хабаре нест. Шояд Путину Раҳмон дар мавриди боҷ тавофуқоте ҳосил карданд, вале на мақомоти тоҷик ва на рус то ҳол аз он хабаре надода истодаанд ва ин номуайянӣ Тоҷикистонро дар рӯ ба рӯи буҳрони эҳтимолии сӯзишворӣ қарор додааст. Қирғистон низ, ки давоми нимсолаи аввали соли равон ба таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо сӯзишворӣ табдил ёфта буд, аз 1-уми июл содироти сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро манъ кардааст.
Қаблан мақомоти дахлдори тоҷик, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон низ, дар пайи манъи содироти сӯзишворӣ аз Қирғизистон, аз боло рафтани нарх дар бозорҳои Тоҷикистон ҳушдор дода буд.
Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар охирҳои моҳи июл бо такя ба омори гумрукӣ гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 40 дарсади сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Қирғизистон ворид шудааст. Ӯ афзуд, ки ба ин омор чандон эътимод надорад, вале таъкид кард, ки агар саҳми Қирғизистон воқеан ҳам 40 дарсад бошад, баъд аз қарор оид ба манъи воридоти сӯзишворӣ аз ин кишвар ширкатҳои дигарро зарур аст, ки ҳаҷми воридоти маводи сӯхтро аз дигар кишварҳо зиёд намоянд, вагарна дар бозориТоҷикистон нархҳо боло хоҳанд рафт.
Аммо ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, ба далели номуайянии лағви боҷ аз харид ва интиқоли маводи сӯхт аз Русия худдорӣ мекунанд, зеро дар ин миён, вақте сӯзишворӣ харидорӣ мешаваду дар роҳ аст, Русия метавонад боҷро лағв кунад, дар натиҷа он сӯзишвории харидкардаашон зараровар хоҳад буд. Бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти тоҷик, ки дар сурати лағви боҷ, коре мекунанд, ки воридкунандагон зарар намебинанд, ширкатҳо аз хариди сӯзишвории Русия ҳазар доранд. Айни ҳол ҳам мақомоти тоҷик аз тавофуқоте, ки шояд бо Русия дар мавриди боҷ ҳосил шудааст, барои он хабар намедиҳанд, ки ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, интизори лағви боҷ мешаванду воридотро кам мекунанд, ки дар натиҷа дар бозори Тоҷикистон камбуди мол ва мувофиқан ҷаҳиши нархҳо ба вуҷуд меояд.
Мақомоти Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010-ум ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудан ҷорӣ карда, ҳаҷми онро ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон пасту баланд мекунанд. Масъалаи лағви боҷи содиротӣ барои Тоҷикистон соли сеюм аст, ки мавриди баррасӣ қарор дорад ва бо вуҷуди имзои ёддошту созишномаҳо амалан ин пардохтҳо ҳоло бекор нашудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |