Ташкили ситоди муштарак ва эълони мукофот барои ошкори қотилони Халлоқовҳо

Мақомоти тоҷику қирғиз барои ошкорсозии қотилони хонаводаи Халлоқов ситоди муштарак таъсис додаанд.
Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ аз қавли Улан Рисбеков, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканди Қирғизистон хабар медиҳанд.
Улан Рисбеков гуфтааст, мақомоти пулиси вилояти Суғди Тоҷикистон барои мусоидат дар ошкор кардани қотилони ин хонавода 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот таъйин кардааст.
Ба гуфтаи Рисбеков ин ҳодиса сокинони Самарқандаки Қирғизистон, воқеъ дар минтақаи марзии ин кишвар бо Тоҷикистонро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст: “Ҷониби Тоҷикистон дар қатли Халлоқовҳо қирғизҳоро айбдор мекунад, ки ин дар навбати худ метавонад бетартибиҳоро ба бор орад. Алакай бархе аз кудакон ва занҳои деҳаи Самарқандак минтақаи баҳсноки марзиро тарк карда истодаанд. Аммо дар маҷмуъ вазъият таҳти назорат мебошад.”
Маврид ба зикр аст, ки шоми 19 ба 20-уми август, дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара болои як хонаводаи тоҷик шабохуни мусаллаҳона сурат гирифта буд.
Дар натиҷаи он 4 узви ин хонавода, Бобо Ҳаллоқови 61-сола, ҳамсари ӯ, духтараш, ки ба меҳмонӣ омадааст ва наберааш ба ҳалокат расида буданд. Тибқи иттилои мақомоти пулиси тоҷик, набераи 12-солаи соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ҷон бохтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |