Андерс Брейвик, террористи норвегӣ, ки рӯзи ҷумъаи 22-юми июл 93 нафарро ба ҳалокат расонидааст, ба гуноҳи худ иқрор шуд.
Ҳамзамон, ӯ иброз доштааст, ки бомби худкорро дар назди бинои парлумон гузошта, иштирокчиёни форуми ҷавонон дар ҷазираи Утойяро ҳадафи тир қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, Брейвик худро муҷрим нашуморида, масъулияти ин ҷиноятро ба зимма нагирифтааст ва умеди авф шуданро дорад, иттилоъ медиҳад сомонаи «Финам.ру» бо такя ба ҳарфҳои адвокати ӯ-Гейра Липпетстада.«Амалӣ кардани ин террор даҳшат буд, аммо зарурат дошт»,- афзудааст террорист. Бино ба қавли адвокат, Брейвик гуфтааст, «дар ҷомеъаи имрӯзаи Норвегия инқилобро шурӯъ кардааст ва бо ин амалаш аз паҳншавии ислом дар ин кишвар ҷилавгирӣ мекунад».
Маврид ба ёдоварист, пас аз таркиши бомб дар шаҳри Ослои Норвегия, ки рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст 7 нафар ҷони худро аз даст доданд, 86 тани дигарро Андерс Брейвик дар фароғатгоҳи ҷавонон тирборон карда ба ҳалокат расонд. Чанд лаҳза қабл аз амали террористӣ, Брейвик дар шабакаи ҷаҳонии интернет манифести худ таҳти унвони «Эъломияи истиқлоли Аврупо-соли 2083»-ро ҷойгир кардааст.
Гуфта мешавад, ин террористи хавфнок ҳанӯз соли 2010 силоҳи оташфишон ва маводҳои таркандаро ба таври қонунӣ соҳиб гашта, бо воситаи бозиҳои компютерӣ барои анҷоми амали террористӣ омодагӣ мегирифтааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр