ҲНИТ шеваи ширкат дар интихоботро моҳи сентябр муайян мекунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) то миёнаҳои моҳи сентябр шеваи иштирокаш дар интихоботи президентиро муайян мекунад.
Ба иттилои манбаъ, шеваи иштироки ҲНИТ дар интихобот дар анҷумани ҳизбӣ дақиқ мегардад, ки интизор меравад, то 17-уми сентябр баргузор шавад.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир беш аз чиҳил ҳазор узв дорад, дақиқ нагуфтааст, ки дар интихоботи президентии соли ҷорӣ ба чӣ шакл иштирок хоҳад кард. Танҳо масъулони ин ҳизб изҳор дошта буданд, ки се шакли иштироки ҲНИТ дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ эҳтимол дорад, вале ахиран якеаш, ки пуштибонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон буд, лағв гардидааст.
Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини аввали раиси ҲНИТ зимни нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, ин ҳизб аз он варианти иштирокаш дар корзори интихобот, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтаи созишномаҳои соли 1997 пойбанд боқӣ монад, аз номзадии ӯ пуштибонӣ мекунад, даст кашидааст.
Зеро ба гуфтаи Ҳаит, ҲНИТ бо вуҷуди ин тасмимаш ягон нармишеро аз сӯи ҳукумат надид: “Аз ин рӯ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ эълон кардааст, ки варианти аввал лағв шуд ва мо аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ нахоҳем кард.”
Бояд гуфт, инак ду шеваи иштироки ҲНИТ дар интихоботи президентӣ, ки бо номзади худ ё бо пуштибонӣ аз номзади ягонаи ислоҳотхоҳон вориди корзор мешавад, боқист. Вале масъулони ин ҳизб мегӯянд, ҲНИТ барои интихоби номзади ягона талош хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |