Дастури шифоҳӣ аз “боло” Ютубро дубора дастрас кард

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (Youtube)-ро сар аз 26-уми август дубора барқарор карданд.
Тибқи иттилои як манбаъ аз ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба Ютуб баъди гирифтани дастур ё худ иҷозаи шифоҳӣ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, сар аз 26-уми август таъмин гардид.
Дар зимн Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани интернет-провайдерҳои Тоҷикистон, дар суҳбат ба “Озодагон”, содир шудани чунин як дастурро аз эҳтимол дур намедонад, зеро ба гуфтаи Атоев, ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет аз пеши худ як сарчашмеро, ки муштариёни зиёд дорад, масдуд намекунанд: “Шояд барои масдуди он дастуре шуда буд ва инак боз барои бозшуданаш як дастури дигар дода шуд.”
Маврид ба зикр аст, ки дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (Youtube) аз рӯзи 23-уми май то кунун дар Тоҷикистон қатъ гардида буд. Ворид шудан ба ин шабака дар ҳоле қатъ гардид, ки рӯзи 18-уми май наворе аз лаҳзаҳои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шабакаи YouTube ба намоиш гузошта шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |