ТВ «Сафо» боз аз «задани мавҷаш» дар қаламрави Тоҷикистон хабар дод

Телевизиони тоҷикии моҳвораии “Сафо”, ки аз Маскав пахш мешавад, хабар медиҳад, ки дастрасӣ ба ин шабака дар Тоҷикистон дигарбора номумкин шудааст.
Дар бахши хабарии “Сафо” гуфта мешавад, “маъмурияти моҳвораи Hotbird 13 ба раҳбарияти СТВ “Сафо” хабар дод, ки мавҷи телевизиони “Сафо” боз аз ҳудуди Душанбе зада шуд. Пахши барномаҳои Сафо соати 13:00 (вақти Маскав)-и рузи 25-уми август аз сар гирифта шуд, аммо баъди мавҷзании навбатӣ фароҳамсозанда маҷбур шуд, хизматрасонӣ ба ТВ “Сафо”-ро қатъ кунад”.
Ин маротиба дуюм аст, ки мавҷи ин телевизион дар қаламрави Тоҷикистон ҳадафи мавҷзан қарор мегирад. Аз ин пеш, масъулини шабака гуфтанд, шурӯъ аз 20-уми август тамошобинон дар Тоҷикистон аз дидани барномаҳояшон маҳрум шудаанд. “Сафо” аз қавли коршиносон мегӯяд, барои мавҷзанӣ аз таҷҳизоти низоми тавлиди Чин истифода шудааст. Ин дар ҳолест, ки масъулини Кумитаи ТВ ва радио гуфтаанд, онҳо дастрасӣ ба чунин таҷҳизотро надоранд ва зарурате ҳам барои задани мавҷи “Сафо” нест.
Дар хабари ТВ “Сафо” гуфта мешавад, “агар ҳарфи масъулин ҳақиқат дошта бошад, пас ягона фарзия ин мемонад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон хориҷиён озодона ҳаракат намуда, бо дастгоҳҳои чинӣ мавҷҳоро мезананд”.
Телевизиони “Сафо” нахустин шабакаи тоҷикӣ дар шаҳри Маскав буда, шоми ҳаштуми август аз тариқи моҳвораи Hotbird (11585/27500) расман ба пахши барномаҳояш оғоз кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |