А.Саудӣ барои бунёди макотиб ба Тоҷикистон 25 миллион $ қарз дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Абдуллатиф ал-Усмон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Арабистони Саудӣ хостори сармоягузории бештари ин кишвар ба Тоҷикистон шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот, ки 27-уми август, сурат гирифтааст, масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ташкилоти минтақавӣ баррасӣ шуд: “Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки ҳамоиши нахустини Комиссияи муштараки ду кишвар дар шаҳри Душанбе ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ мусоидат менамояд.”
Ҳангоми мулоқот аз ҷумла зикр шудааст, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳоло дар Тоҷикистон аз тариқи Бунёди саудии рушд дар маблағгузории 7 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст ва созишномаи дигар оид ба вогузор намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 25 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони мактабҳои миёна низ чанд рӯз қабл ба имзо расид.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз заминаи сиёсию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Арабистони Саудиро ба ҳамкории бештар, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои судбахш дар бахшҳои гуногун даъват намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |