Бахшҳо

Мусобиқаи антинаҳзатӣ: Ҳоло муллоҳои Рашт пешсафанд

Абдулазизи Восеъ

Фаъолони ноҳияи Рашт низ нишон доданд, ки дар антинаҳзатӣ будан аз намояндаҳои дигар манотиқ кам намеоянд. Раштиҳо дар як ҷаласа, ки дар пасманзари мулоқоти райисҷумҳур бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор шуда ва шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дод, “пуху парах”-и Ҳизби наҳзатро бароварданд. Онҳо бо шукронаи тинҷиву ободӣ аз мардум даъват ва ҳатто талаб мекарданд, ки ба ҳизбу гуруҳҳое, ки ҳадафашон тафриқаандозист шомил нашаванд. Бештари онҳо ҳарчанд дақиқ намегуфтанд, аммо маълум буд, ки манзурашон ҲНИТ аст. Билохира яке аз онҳо ба қавли мардум аз баҳри “шаф-шаф” гузашта, изҳор дошт, ки ҳизби наҳзат олудаи манфиату ғаразҳост. Ӯ гуфт чанд наҳзатиро мешиносад, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ному насаби худро тағир дода буданд ва баъди оромӣ дигарбора ба номҳои аслияшон баргаштанд. Ва боз хеле чизҳои дигар. Вақте гуфт, “алҳамдулиллоҳ аъзои ҲНИТ нестам”, ҳатто чанд толоракӣ каф куфт.


Чанд нафар изҳори нигаронӣ карданд, ки худ ва фарзандонашонро бидуни ризоияти онҳо аъзои ҲНИТ кардаанд. Якеаш ҳатто изҳор дошт, дар толор нишаста ва тасмим гирифтааст, ки ҳамин ҳоло аризаи аз ҳизб хориҷ шуданашро бинависад. Ҳар баромадкунанда мекушид аз онҳое, ки қабл аз ӯ сухан кардаанд дар шукргузориву тавсифи президент ва ҳамзамон наҳ задани ҲНИТ кам наояд. Хулоса раштиҳо низ ҲНИТ-ро “титу пит” карданд.

Телевизиони Тоҷикистон инак наздики ду моҳ мешавад, ки аз ин гуна ҷаласаҳо зиёд намоиш медиҳад. Ин ҷаласаҳо баъди 4-уми июл, ки Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигӣ ва руҳониён дар Кохи Ваҳдат мулоқот кард, оғоз шуданд. Бо навбат ҳар минтақа ҷаласа ороста, баромадкунандаҳо дасту остин барзада ҲНИТ-ро сиёҳ мекунанд. Мантиқан, дар ин ҷаласаҳо бояд нуктаҳои муҳими дар мулоқоти президент дарҷёфта баррасӣ гардад. Аммо чун дар он вохурӣ чор нафар пешниҳоди аз номи ҲНИТ гирифтани калимаи Исломро карданд, мавзӯи аслии ҷаласаҳои минтақаҳо ҳамин шуд.

Ин ҷаласаҳо намоишномаеро мемонанд, ки аз рӯи як сенария ба саҳна гузошта шудааст. Танҳо дар баъзе ҳолатҳо коргардони бархе минтақаҳо боҳунартар ба назар мерасад. Ба ҳар сурат ҳар ҷаласа аз ҷаласаи қаблӣ пуробурангтар мегардад. Масалан, дар ҷаласаҳои аввал, ки гумонам аз шаҳру навоҳии Хатлон шурӯъ гардид, дар худи толор навиштани аризаи аз ҲНИТ берун шудан ба ёди касе назад. Ба ин монанд, аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷаласаҳои минтақаи Суғд шоҳиди пешниҳод ва амалҳои булаҷабтаре шавем. Ин ҳам дар ҳоле ки гузашти ҳар рӯз моро ба интихоботи президентӣ наздиктар мекунад. Шояд ҷаласаҳои вилояти Суғдро телевизион махсус дертар намоиш медиҳад. Зеро ҳама медонанд, ки суғдиҳо дар сухандонӣ ба қавле устухон надоранд ва агар фаромӯш накардаед, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон низ аввалин шуда, намояндаи Шӯрои уламои вилояти Суғд ба ҳизб эҳтиёҷ надоштани Исломро ироа кард. Ӯ гуфт: «Ҳазору чорсад сол беҳизб омадем, Ҷаноби Олӣ, ҳамин ҳисоба нигоҳ дорем».

Мақомоти Кумитаи радио ва телевизион мегӯянд, ин ҳаққи мардум аст, ки озодона андеша ва фикри худро бигӯяд ва онҳо вазифадоранд, ки ин афкорро ба мардум бирасонанд. Аммо дар ин баробар ба намояндаҳои расмии ҲНИТ (на онҳое, ки ба қавли худашон баъдан фаҳмидаанд, ки аъзои ҳизби наҳзат будаанд) иҷоза намедиҳанд, ки ибрози андеша намоянд. Ҳатто ба мактуби расмии ҲНИТ дар браи ба онҳо низ ҷудо кардани эфир аз ин кумита ҷавоби рад доданд. Гузашта аз ин Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосие бо “Озодагон” гуфта буд: “Чаро Шумо фикр мекунед, ки намояндагони аҳзоб ба эфир роҳ дода намешаванд? Намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, аз ҷумла аъзои ҲНИТ низ дар намоишу гуфторҳои телевизион ва радио иштирок ва изҳори назар мекунанд”.

Аммо то имрӯз дар ҳеч ҷаласа ё суҳбати телевизионие шоҳиди изҳори назари онҳое, ки аз ҲНИТ пуштибонӣ кунанд нашудаем. Ҳеч мумкин нест, ки аз чоруми июл ба ин сӯ дар ҳеч мулоқоту ҷаласае як ҷонибдори ҳизби наҳзат ширкат накарда бошад. Телевизионҳо ҳамин маъракаи зидинаҳзатиро ҳам ба ифрот расонданд. Ҳади аққал масъулини телевизион ба хотири риояи меъёрҳои журналистика ва риоя кардани тавозун нуктаи назари дигарро бояд пешниҳод мекарданд.

Ҳоло ки ин меъёр риоя намешавад (шуданаш ҳам дар гумон) ва ҳам телевизионҳои давлатӣ ҷаласаҳои на ҳамаи минтақаҳоро манзур кардаанд, назди оинаҳои нилгун мешинему ин баъд низ сабқатҳои антинаҳзатиро тамошо мекунем. Дар ҳоли ҳозир раштиҳо дар ин мусобиқа пешсафанд. Бубинем, ки фаъолон ва руҳониёни дигар манотиқ чӣ ҳунар доранд...

Мӯҳр
Салим
Акоси сагон кам накунад ризки гадоро ..

Расул
раштихо азоби исломихоро дар вакти чанги шахрванди кашиданд медонад ки чи лозиму чи нолозим, рафики журналист. Ту ва ту баринхо танхо гуфтану навиштанро медонед. Як бор мулло Абдуллову Алии бедаки ва боз дигар мулочаву кумондачаву бо афтамат пушти дарат меомад ба кадри суханони раштихо мерасиди. Моргазида аз банди ало метарсад, мегуянд дар мо . Инро ту хам дар хотират гир . Инро барои хамаи шумо калам ба дастон ва мардуми Точикистон мегуям. хамон кадаре ки ту озоди ва иктисодии кишварро мехохи мо хам мехохем. Лекин барои мо холо Рахмон аз хама хизбу хизбчахои нодаркор лозим аст. И ХНИТ ба сари кудрат ояд худо аз ин хол хам мегирад Точикистона .

Бедил, ту маяндеш зи гуфтори рақибон,
Fавғои сагон кам накунад ризқи гадоро.

Бале, дуруст мегуянд... ин ҳама тафриқаандозист ... Як бори дигар хам аз хамин сабаб аз по афтидаему то хол ба по нахестаем... Якдигарфахми бошад, дустиву иттифоки бошад, шукр, ки мусулмонему дар роҳи Ҳақ, пас чи даркор аст ХНИТ??? Ниёз ба ин ҳизб надорем, дар масчидхо намоз асту аксари мардуми мо китобхои исломиро мехонанд, хадисхоро медонанд, кори некро аз кори бад чудо менамоянд... Ба ном исломи нестем, лекин ба дил исломи хастем, мисол мегуянд Чумхурии исломии Афгонистон ва Чумхурии Точикистон, факат ИСЛОМИ навишта нашудааст в-ар на хама мардумаш ба ин дин мушарраф аст...ОЗОДАГОН БЧОПШ (яъне чоп кунед)

озодфикр
Ин хукумат хеч мушкилоти дигар надорад, танхо мушкили хукумату мардуми мо нахзати ислом аст. Мардум хама бо чои кор таъмин, мухочиронамон дар русия озоду бообуру, барк хамеша дар кишвар таъмин, мактабу донишгох бепул, духтурхо бепул, милисахо аз мардум пора намегиранд, дар хар кадам пост монда милисахо амнияти мардумро таъмин мекунанд, мардуми кишвар хама бо об таъмин аст, ягон камбагал нест, роххо хама сангфаршу бепул, дигар чи мондаст. Факат проблема нахзати ислом аст.

Христин
Э афсус-афсус,механдам ба холатон...Хамаатон дар як дин хастед,як Худоро мепарастед,аммо якдигарро таъна мезанад...

Муллохои Раштиро хам президент АЙПАД-и китайски дод

ИН ШАЙТОНГАРИИ ДАВЛАТДОРОНРО МО БОЯД БОВАР НАКУНЕМ ВА БА ДИГАР ХИЗБХО ОВОЗ БОЯД ДИХЕМ НА БА ХИЗБИ ХХДТ...

БАНДАИ ХУДО
ШОХИД БУДАНИ ХУДО КИФОЯ АСТ БАРОИ ХИЗБИ ХАКИКИ.
ИН ШАХСОНЕКИ ЗИДДИ ХИЗБ СУХАН МЕРОНАНД ХАМА ХОКЗАНОИ ДАВЛАТАНД ВА ПЕШАКИ ТАЁОР КАРДААНД.

о
Хамин хизби ХХДТ чи лозим аст? Хамин хизб умуман чи кор мекунад? Ягон касро нон додааст, ягон заводу фабрика сохтааст? Хич лозим нест ба мо хамин хизб.

Номдор
Ҳазорон корвон рафтанд дав-дав,
Ҳануз ҳам ин САГОН доранд ав-ав.
***********
Мулло, машав косалес,
Ки оқибат гардӣ пес!

али
Илтимос вакте сухан мекунед аз номи мардуми РАШТ нагуед. Ин хамон шахсоне хастандки номусу дину эмону миллаташонро ба ин хукумати ноухдабарою дуруяю беадолат фурухтаанд. Барои мисол!
1. Рохеки аз пули карз сохта шудааст рохи(Варзоб Ченак) ки ин карз дар гардани мардуми Точикаст пулашро як домоди президенд аз худ кардааст.
2. Заводи Алюминии Регар дар ихтиери хамин оила.
3. Дуругу харому ришва дар тамоми сохторхо.
Магар инро хамон хокзанхоеки аз номи мардуми рашт харф мезананд намедонанд? медонанд,лекин ин зумра одамон аз кучаи чавонмарди нагузаштаанд. Е инки пулеки барои Рогун чам кардаанд дар дасти ХНИТ аст Гап бисеру лекин барои ин хокзанхо хаминаш кифоя аст. Озодагон зинда бод.

рашт камаров
Ба банди суфию мулло асири!андешаи кухнаи у намуд муллохои дарбори Баро мо мухим бояд набошад!

сайд
ин раштихоро ягон вазифа ваьда кардан чи ки дигарора ика санг мезанан е ки трт кадан

kulob
dar hakikat hizbiho hamash baroi ba maksad rasidan hizbi shudaan nainki baroi zafari dini muhamad alaihi salom ovardagi muhamad in khel dinro naayovarda bud va in khelnishon nadod ba umatash hizbiho dushmani muhamad astan takgir dodestan dini rasondagisha yoki muhamad baaze chizhoro narasond inho rasondestan lekin kapshon sukhtagiai peshi khudo

Азиз
Хазорон корвон рафтанду дав дав, Хануз хам ин сагон доранд ав ав

Карим
Ман шеърхонии ин муллохоро бо хамрохии бародари рус тамошо кардам... Сараввал фикр кардем шояд дар трибуна президенти кишвар бошанд.. Мълум гардид,ки расмашон аст... Дигар кох кохи ханда баланд шуд.... Шарм доштам аз ин муллохо... Сюжет ачоиб барои баходихии ба маруми мо.... Худо умрашона зиёд кунад ин хел мадху ситоиша хатто нисбати Офаридагор накарда буданд... Аз туркманистон гузаронидем.... Лекин Сугдию Зарафшонихо очаи хамаро ба хушомадгуи нишон медиханд,ин хакикатро албатта мебинем... Вой ба холамон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)