Мулоқоти Шералӣ Хайруллоев бо фармондеҳи артиши Покистон

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон бо Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон вобаста ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ суҳбат кардаанд.
Тавре Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, имрўз генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон бо генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон, ки рӯзи 28-уми августи соли равон бо сафари расмии сарӯза ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кард.
Маҳмадалиев гуфт, “зимни мулоқоти Шералӣ Хайруллоев бо Ашфақ Парвез Каёнӣ масоили вобаста ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи кунунии давлати Исломии Афғонистон ва Қувваҳои мусаллаҳи кишварро муҳокима намуда, ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои низомии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд ва рушди минбаъдаи онро самаранок арзёбӣ карданд.”
Ба иттилои манбаъ дар вохӯрӣ инчунин доираи васеи масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарби-техникӣ, иқтисодӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зидди террористӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши минбаъдаи муносибатҳои низомиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Манбаъ афзуд, дар доираи сафари расмӣ ва тибқи нақшаи пешбинишуда, Сарфармондеҳи Артиши ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, инчунин бо сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ генерал-лейтенант Рамил Нодиров вохӯрӣ намуд.
Гуфта мешавад, ки дар идомаи ин сафар, ҳамзамон дар нақша аст, ки генерал Ашфақ Парвез Каёнӣ аз қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиа ва Донишкадаи ҳарбӣ дидан менамояд ва бо ҳайати афсарону сарбозон ва устодон вохӯрӣ менамояд.
Маҳмадалиев мегӯяд, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон аз соли 2009 оғоз шуда, сол аз сол густариш меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |