Бозгашти Искандари Фирӯз ба ВВС то 2 сентябр ба таъхир афтод
Искандари Фирӯз, журналисти шинохтаи тоҷик, пас аз 11 моҳи табобат ният дорад, аз рӯзи душанбеи 2-юми сентябр дигарбора ба фаъолияти журналистӣ пайвандад.
Искандари Фирӯз рӯзи ҷумъа 30-юми август дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз саломатияш дигар шикояте надорад: “Худоро шукр, саломатиям хуб аст. Ният дорам, аз рӯзи душанбе, 2-юми сентябр ба кор бароям. Ман умедворам, ки роҳбарияти ВВС интизор буданд, ки ман зудтар шифо ёфта ба кор мебароям.”
Ин бозгашти дубораи Искандари Фирӯз ба фаъолияти рӯзноманигорӣ дар ҳолест, ки ӯ шаби 9-уми октябри соли 2012 ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншери Фирӯз дар хиёбони Исмоили Сомонии Душанбе ба як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дучор шуд. Ӯ пас аз як моҳ дар бемористони Қарияи Боло ба ҳуш омад ва табобати минбаъдаашро дар бемористони Ибни Сино ва хориҷи Тоҷикистон гирифт.
Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе, охири моҳи декабри соли 2012 шаҳрванд, Насрулло Шарифовро дар садамаи Искандари Фирӯз муттаҳам дониста, ӯро ба муҳлати се солу се моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |