Бозии “Истиқлол” ва “Равшан” дар варзишгоҳи марказӣ баргузор намешавад

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) эълом дошт, ки бозии даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб - рӯзи 7 сентябр дар варзишгоҳи “Металург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.
Ин дар ҳолест, ки қарор буд бозии ин ду дастаи овозадори кишвар, ки яке аз дастаҳои сермухлистарин ба шумор мераванд, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардад.
Ба иттилои манбаъ иллати ба варзишгоҳи дигар гузаронидани ин бозӣ дар он аст, ки майдони марказии кишвар ҳанӯз омода карда нашудааст. Аз ин лиҳоз бо қарори бюрои Кумитаи иҷроияи ФФТ ин бозӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода баргузор хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд бозиро довари қазоқистонӣ Сергей Гороховодатскийи 36-сола доварӣ мекунад. Ҳамватанонаш-Серик Қошқарови 40-сола ва Самат Тергеусизови 27-сола ёварони ӯ таъин шудаанд.
Ба иттилои манбаъ бозии "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) ва ССКА "Помир" (Душанбе), ки мувофиқи тақвими мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, мебоист рӯзи 7-уми сентябр дар варзишгоҳи "Металлург" баргузор мешуд, рӯз 6-уми сентябр доир мегардад.
Дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” яке аз мудаиёни асосии унвони қаҳрамони Тоҷикистон ҳастанд, ки феълан дар ҷадвали мусобиқот якуми бо 27 имтиёз ва дуюми бо 24 имтиёз пешсаф мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе 15-уми июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар бозии охиронаш дар даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз тими “Равшан” бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрда буд. Дар пайи ин бохти "Истиқлол" мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии ҳамонвақтаи он аз мақомаш барканор гардид ва ба ҷои ӯ Олег Ширинбеков сармураббии дастаи “Истиқлол” таъин шуд, ки дар даври дуюми мусобиқот дастаро роҳбарӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |