Аҳмадшоҳи Масъуд: “Мо нон медиҳему силоҳ намедиҳем” (АКС)
Ибодуллоҳи ТОҲИРДар ҳамоише бахшида ба 12-умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд аз корнома ва нақши ӯ барои барқарории субот дар Тоҷикистон низ ёдоварӣ шуд.
Дар ин ҳамоиш, ки шоми чаҳоршанбеи 4-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе баргузор шуд, коршиносон, шоирон, намояндагони созмонҳои дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, дар мавриди нақши Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи миёни тоҷикон, кумаки ӯ ба муҳоҷирони тоҷик, ки замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳ бурда буданд, суҳбат кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарории сулҳи тоҷикон саҳми бузурге дошт. Ӯ замони ҷанги дохилии Тоҷикистон ба муҳоҷирини тоҷик, ки ба Афғонистон паноҳанда шуда буданд гуфта буд: мо ба онҳо нон медиҳему аммо силоҳ намедиҳем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |