(АКС) Дастаи Рустами Эмомалӣ дар финал бо “Вавилон” сабқат мекунад

Шоми имрӯз, 5-уми сентябр, дастаҳои кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати “Вавилон” дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол” бо ҳам рақобат мекунанд.
Бозиҳои даври 1\2-ниҳоии футболи хурд, дар майдони марказии пойтахт шоми 4-уми сентябр миёни дастаҳои “Бонки миллӣ” - ФФТ ва “Вавилон” - Академияи “Истиқлол” баргузор гардид. Дастаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ин дидор тими кормандони “Бонки миллӣ”-ро шикаст дод. Дар дақиқаи 10-уи бозӣ Эраҷ Носеҳов, бозигари дастаи кормандони ФФТ тӯби нахустинро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид намуда, ҳисобро кушод. То дақиқаи 51-уми дидор ҳисоб 1:0 буд ва ду голи охири ғолибонро Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҳадаф расонида, бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи кормандони ФФТ анҷом ёфт.
Бозии дастаҳои кормандони “Вавилон” ва Академияи “Истиқлол” бо ҳисоби 4:2 ба нафъи дастаи кормандони “Вавилон” ба поён расид. Ёдовар мешавем, ки дастаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозиҳои қаблӣ тими кормандони “Агроинвестбонк”-ро бо ҳисоби 8:4, дастаи кормандони Суди ноҳияи Синои пойтахтро бо ҳисоби 10:1 дастаи кормандони “Амонатбонк” бо ҳисоби 7:3 ва дастаи кормандони “Ориёнбонк”-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода буд.
Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол”-оид ба футболи хурд
Натиҷаи бозиҳои нимфинал
4-уми сентябр (чоршанбе)
“Вавилон” - Академия “Истиқлол” - 4:2
“Бонки миллӣ” - ФФТ - 0:3
ФИНАЛ
5-уми сентябр (панҷшанбе)
“Вавилон” – ФФТ
Оғози бозӣ соати 19.00
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |