Хуҷанд боз дар интизори президент. Мастчоҳу Ашт ҳам

Интизор меравад, дар нимаи дувуми моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд сафар кунад.
Як манбаъ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло барои қабули раисиҷумҳур омодагӣ ҷараён дорад ва ба ин муносибат чандин иншооти ҷашнӣ ҳам омода шудааст. Манбаъ афзуд, оқои Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш ба ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ ҳам хоҳад рафт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд сафари кории раисҷумҳур дар моҳи сентябрро тасдиқ кард, аммо рӯзи дақиқи онро нагуфт. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд рафта, аз Ашту Конибодом ва Қайроққум боздид анҷом дода буд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, далели ин ҳама боздид ва мулоқот бо мақомоти маҳаллӣ интихоботи қарибулвуқӯи президентист, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳарчанд оқои Раҳмон рӯшан нагуфтааст, ки дар ин интихобот ба ҳайси номзад иштирок хоҳад кард ё не, вале таҳлилгарон ӯро аз номзадҳои аслии ин интихобот медонанд. Ӯ то ҳоло се бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок ва пирӯз шудааст. Ҳарчанд мухолифонаш ба пирӯзии ӯ шубҳа доранд ва интихоботҳои гузаштаро пур аз тақаллуб мешуморанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |