Пешниҳоди ҷоиза ба раиси кушташудаи кони Назарайлоқ

Турсунбой Боқир-уулу, вакил аз фраксияи ҳизби “Ору номус”-и Қирғизистон рӯзи 5-уми сентябр дар ҷаласаи парлумон пешниҳод кардааст, ки аз Нуриддин Темиров, раиси кушташудаи кони Назарайлоқ қадрдонӣ шавад.
Ба қавли ӯ, Нуриддин Темиров (Ҳоҷӣ Нуриддин) чанд сол қабл барои ҳалли низои Бодканд талоши зиёд кардааст. "Ӯ иштирокчии ҳаводиси Бодканд аст. Ба Афғонистон рафта, бо Толибон музокирот намуд, дар раҳо кардани чор асири ҷопонӣ кумак расонд. Хизматҳои ӯ барои Қирғизистон, бо ин вуҷуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, хеле зиёд аст. Биёед, ба ӯ ҷоизаи давлатӣ бидиҳем. Вай ба ин сазовор аст”,-гуфтааст Боқир уулу.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Нуриддин Темиров тахминан соати 00:30-и шаби 2-юм ба 3-юми сентябр аз сӯи шахсони номаълум дар утоқи истироҳатияш паронда шудааст. Темиров, директори кони ангишти Назарайлоқи ноҳияи Рашт буда, дар беморхонаи марказии ин ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Маҳмадулло Асадуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тафтишоти қазияи мазкурро вазири умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов зери назорат гирифтааст.
Назарайлоқ яке аз конҳои калидӣ ва дорои ангишти хушсифати Тоҷикистон аст, ки дар 90 километрии маркази ноҳияи Рашт қарор дорад ва тақсими манофеъ аз ин кон яке аз омилҳои даргириҳои се соли пеш дар шарқи Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |