Бахшҳо
07 сен 2013 11:00Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Эмомалӣ Раҳмон: “Интихоботро ба майдони моҷароҷӯӣ табдил надиҳед”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли кишвар, ки рӯзи ҳафтуми сентябр дар "Кохи Борбад"-и Душанбе баргузор шуд, дар бораи интихоботи президентии моҳи ноябр низ сӯҳбат кард.

Вай аз ҳамаи онҳое, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нияти иштирок ва номзадии худро гузоштаниянд, даъват намуд, то “фарҳанги волои сиёсиро риоя карда, ин маъракаи муҳимро ба майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори умеду боварӣ кард, интихоботи раёсати ҷумҳурии навбатӣ “мисли интихоботҳои пешин шаффофу демократӣ баргузор хоҳад шуд”. “Мардуми кишвар озодона ва бо иродаи хеш роҳбари ояндаи худро интихоб мекунанд”,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон гуфтаанд, то охири моҳи сентябр ҷаласаҳои худро баргузор ва он вақт мушаххас хоҳанд кард, ки дар ин интихобот бо номзад ва ё бидуни номзади худ иштирок хоҳанд кард.
Мӯҳр
Хуршед
Боз мисли интихоботи пешин "шаффоф" бдай!! Хаха хандаи кас меояд аз шунидани чунин суханхо....

фира
Дар ЧТ итхоботи шафоф мумкин бади 20 соли дигар баргузор гардад,, Лек гайр аз чаноби Оли дигар номзади мувофик нест..

мегуяд "мисли интихоботи гузашта шаффофу демократи мегузарад". Оё интихоботи гузашта шаффоф буд? оё заррае хам буи демократи мекард?

muxolifin bo nomzadashon yo be nomzad dar intixobot ishtirok mekardayan.malum shudan ki az nomzad mondanashon sharm medoran..mumkin 0%-ovoz girand.alakai kursii sarvaziro talab kardesan..ee murede sharmandaho.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)