Русия дар даври интихобии МҚҶ-2014 пешсаф аст
Тими миллии Русия оид ба футбол мунтахаби Люксембургро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Ин бозӣ дар доираи даври интихобии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон 2014 сурат пазируфт.
Ҳисобро дар дақиқаи аввал Александр Кокорин боз карда, тими Русияро як қадам ба пеш бурд. Дар дақиқаи 35-ум Кокорин голи дуюмро вориди дарвозаи Люксембург намуд. Дар дақиқаи 60-ум Александр Кержаков ҳисобро 3:0 кард. Орелден, бозигари Люксенбург дар дақиқаи 90 тавонист як тубро вориди дарвозаи Русия кунад. Дар вақти иловагӣ Александр Самедов голи чоруми тими Русияро зад.
Тими миллии Русия баъди ғалаба бар Люксембург аз ҳафт бозӣ 15 имтиёз ба даст оварда, дар гуруҳи F аввал аст. Дар ҷои дуюм бо 14 хол мунтахаби Партугалия нишастаст. Люксембург бо се имтиёз дар зинаи охир-шашум аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |