Паёми Ислом Каримов ба раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, гуфтааст, дар минбаъда низ муносиботи Тошканду Душанбе бо назардошти манофеи ду ҷониб ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақа рушд хоҳад ёфт. Оқои Каримов ин нуктаро дар паёми табрикияш бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон баён доштааст.
Раисиҷумҳури Узбакистон дар номаи табрикии худ нигоштааст, “аминам, ки равобити Узбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд гардидааст, минбаъд низ ба таври пайваста бо назардошти манофеи ду ҷониб ва ҳифзи сулҳу субот дар минтақа рушд хоҳад ёфт.”
Дар охир Ислом Каримов гуфтааст, ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатии бардавом, муваффақият ва ба мардуми тоҷик хушрӯзиву шукуфоӣ орзу дорад. Ба ин маънӣ Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва дигарон низ номаҳои шодбошӣ фиристодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |