Посухи Кабирию Зоиров ба суоли “чаро номзад нашудед?”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, аз Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) ҳимоят карданд.
Раҳматулло Зоиров дар ҷаласаи рӯзи даҳуми сентябри ИНИТ гуфт, номзадии худро пас гирифтаву аз номзадии Бобоназарова ҳимоят мекунад. “Дар марҳилаи охир ва ҳоло бо камоли эҳтиром мегӯям, ки мо аз ИНИТ Бобоназароваро пешниҳод кардем. Хоҳиш дорам, ҳамаи мо дар якҷоягӣ камарро сахт баста, кӯшиши худро барои ин интихобот истифода кунем”,-афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ низ ки дар ин ҷаласа суханронӣ мекард, ба масъалаи интихоботи шаффоф дахл кард. Вай аз ҷумла гуфт, “мо ба ин боварем, ки дер ё зуд Тоҷикистон ба интихоботи шаффоф мерасад. Агар имрӯз нарасидем, фардо хоҳем расид. Муҳим ин аст, ки атрофи номзади ягона ҷамъ шавем. Алҳол бисёр баҳонаи хуб пеш омадааст, ки атрофи номзади ягона ҷамъ шавам, дигар роҳе ҷуз ваҳдат ва ҳамкорӣ надорем. Агар дилатон воқеан барои ин мардум месӯзад.”
Ҳам Муҳиддин Кабирӣ ва ҳам Раҳматулло Зоиров ба ин савол, ки чаро онҳо номзад нашуданд, посух гуфтанд. Зоиров гуфт, “оид ба ҷамъ кардани имзоҳо аз як ҳизб вазъият муташанниҷ гардид. Баъдан аз тарафи ҲНИТ нофаҳмӣ зиёд шуд ва ин сабаб гардид, ки ман номзадии худро гирам. Агар ман номзадии худро нагираму якдигарфаҳмӣ накунем, вазъияти иттиҳод ва пароканда шудани иттиҳод матраҳ буд.”
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, “чаро ман номзад нашудам? Аз аввал дар зеҳни мардум ҷой шуд, ки агар ҲНИТ номзад пешниҳод кунад, ҷомеаи дохилӣ ва байналмилалӣ ҲНИТ-ро қабул надорад. Ҳама медоданд, ки ҲНИТ аз ҳама қави набошад ҳам, вале аз дигарон заиф ҳам нест. Агар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҲНИТ метарсид, дар соли 2010 овоз намедод. Агар ҷомеаи Тоҷикистон метарсид, дар мулоқот моро қабул намекард. Аз пеш фазосозӣ шуд, ки наҳзат номзад надошта бошад. Барои ҳамин, мо гуфтем, аз амбитсияҳои ҳизбӣ берун биравем. Ҳизбҳои сиёсӣ бояд исбот кунанд, ки фаротар аз ҳизбашон фикр мекунанд. Зоиров гуфт, ман номзадии худро гирифтам, аммо ман мегӯям, Раҳматулло, Шумо кай пешниҳод карда будед? Танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот ном меирифтанд аз чеҳраҳо.”
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон барои интихоботи президентӣ тақрибан се моҳ пештар аз сӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ташкил шуда буд. Ин иттиҳод рӯзи даҳуми сентябр расман эълон кард, ки номзадаш дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ Ойниҳол Бобоназарова аст, ки дар ҳоли ҳозир созмони Перспектива плюсро раҳбарӣ дорад. Вай дар гузашта яке аз фаъолни Ҳизби демократ ва раҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |