Бахшҳо

Даъват ва дуои хонанда барои раҳоии Зайд Саидов

Дар ин шабу рӯз нисбат ба хабарҳои марбут ба парвандаи Зайд Саидов шарҳу назарҳои зиёде мерасанд. Ҳоло шарҳи як хонандаро нашр карда, мехоҳем, агар Шумо низ гуфтание доред, лутфан ба имейли ozodagonweb@gmail.com фиристед.


“Имрӯз (12 сентябр) аввалин муҳокимаи додгоҳии соҳибкори варзида ва роҳбари гурӯҳи ташаббускори Ҳизби Тоҷикистони нав – Зайд Саидов баргузор шуд. Ҳарчанд ин мурофиа паси дарҳои баста сурат мегирад, аммо хеле рӯшан метавон тасаввур кард, ки он чигуна мегузарад ва бародари мо Зайд дар кадом рӯҳияе қарор дорад.

Ин саҳна хеле вахим аст, аз он ҳеч бӯи умеде барои ифшову таъйиди ҳақиқат эҳсос намешавад. Ҳамагуна далелҳои ҷониби судшаванда мавриди таваҷҷӯҳ қарор намегиранд, ба эътибор гирифта намешаванд. Зеро чунин ба назар мерасад, ки матни ҳалномаи судӣ аллакай навишта шудааст…

Дар ин қазия муҳимтарин ҷанба вазъи рӯҳии Зайд Саидов мебошад, ки табиатан хеле ҳассос ва адолатхоҳ мебошад. Яъне, вақте сухани ӯ дар саҳнаи мурофиа мавриди инкор қарор мегирад, ҳеч далелу ваҷҳи ӯ наметавонад барои тақдираш коромад бошад, хеле аламовар ва дилгиркунанда хоҳад буд.
Дар чунин ҳолат, беҳтар мебуд, ки инсон воқеан ҷиноят содир намояд ва мутаносибан мавриди иттиҳом қарор бигирад. Аммо вақте барои бегуноҳӣ инсон маҳкум ба зиндон мешавад, ин ҳукм агар 1 рӯз ҳам бошад, хеле дардовар ва азиятбор хоҳад буд.

Аммо боз ҳам иродаи қавӣ, дар назди виҷдону номуси хеш пок будан, пеши касе сархам набудан барои Зайдуллоҳ ваҷҳҳое ҳастанд, ки бо пеши назар овардан ӯро дар баробари мушкилот қавӣ месозанд ва барои ояндаи неки ҳалли қазия умедвор менамоянд.

Тавре борҳо вакилони бародар Зайд Саидов таъкид доштанд, барои ҳалли дурусти ин қазия дар шароити кунунӣ танҳо мӯъҷиза метавонад ба кор ояд.
Ҳоло мо умед бар он мебандем, ки ин лутфу карам бо хости Худо дар қалби президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷой мегирад ва бо амри эшон инсони поксиришт ва Ватандӯст – яке аз абармардони созандаи кишвар Зайд Саидов аз ҳукми ношоистаи бардавоми маҳурмиятҳо эмин бимонад. Ин амал метавонад дар арафаи интихобот обрӯву нуфузи роҳбари кишварамонро боз ҳам қавӣ созад.

Аз Шумо дӯстон хоҳиш менамоем, ки новобаста аз мавқеи шаҳрвандии худ, барои раҳоии бародарамон Зайд Саидов бо ин матлаб ҳамраъй будани худро арза намоед.”

Ардашер БОБОЕВ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Мӯҳр
Худо дар панохаш нигох дорад!

хар айб ки хаст дар хомушии мост на дар Зайд

Адолатхох
Худованди бузург одил ва ба хама кор кодир аст

Ангушт макун ранча ба дар куфтани кас
То кас накунад ранча ба дар куфтанат мушт.
Рузе мерасад, ки омилони ин сахнаи дахшатбор гирифтори бало хоханд шуд. Ман чонибдори Шумоям, мухтарам Ардашер!

Судя
Ардашер Бобоев мабодо имзои мустаори Далер Гуфронов набошад?

пояи зулму истибод доимо нахохад буд.
Битарс аз охи мазлумон, ки хангомидуо кардан
Ичобат аз дари хак бахри истикбол меояд.
худованд озодию адолати судиро барои бардари зайдамон арзони дорад ва истикомату бурдбориро барояш насиб гардонад. Бешубха, у кахрамон аст ва ояндаи миллат бо у хохад буд. хама касони дусту бегона, ки уро ба ин кор пешкаш намуда, акибнишини карданд, пеши вичдону имонашон чавобгаранд. зохиран худро орому хурсанд вонамуд кунанд хам, ботинан месузанд. уро факат " муъчизае"- и илохи начоту худованд хофизу нигахбонаш мебошад. навмед набояд буд аз гардиши айом.

Худованд уро аз балохо нигахбон бошад ва харчи зудтар озодаш кунанд. Ман уро намешиносам,вале дар бораи корхои некаш аз одамон бисёр шунидаам.Дуо мекунам, ки Зайд Саид озод шавад

Худованд аз фитна начоташ дихад!

муслима питер
Дар ин руз барои бародари Зайд хело хам душвор аст аз Худованд дуою илитчо мекунам ки ин бародаро аз зулму ситам ва аз тухматхою фитнахо нигах дорад ва ба монанди ин бародар ки имрузхо дар махбас онхое ки бо як фитнаю тухмат мучрим мебошанд Парвардигор озодашон намояд оминнннннн оминнннннн............

Омин.Худо бародар Зайдро дар панохаш нигах дорад.

Хайрхох
Хазар кун зи дуди дарунхои реш,
Ки реши дарун окибат сар кунад.
Ба хам барнаёвар то тавони диле,
Ки охе чахоне ба хам бар кунад.
Худованд ягон хайру зулмро бечавоб намондааст ва ин инсонхое,ки зулм ба бародари арчманд Зайдулло раво дида истодаанд бечавоб намемонад.Худовандо Ту тагйир дихандаи калбхои бандагонат хасти калбхои ин бандагонатро тагйир бидех,ки худро ба азоби Ту гирифтор накунанд. О М И Н.

parvardigoro-jazodihandavu najotdihanda xudat hasti.ba hamin guftaho gunahkor boshad xudat jazoshte.agar in guftaho tuhmat boshad xudat najotashte.

Худованд нигахбонут боша бародар!!!..

Худованд худ доност!!!...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)