Тӯраҷонзода: "Бурдани кӯдакон ба масоҷид дуруст аст"

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, бурдани кӯдаконро ба масоҷид аз нигоҳи дини мубини Ислом раво хондааст.
Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои Turajon.Org гуфтааст, бурдани кӯдакони хурдсол, 4 ё 5- сола ба масҷид, ба шарте ки ба намозгузорон халал нарасонанд, ҷоиз аст. Ба навиштаи Turajon.org, дар ҳадисҳои зиёд омадааст, дар замони Паёмбар (с) кӯдакони хурдсолро ба масҷид мебурдаанд: “Занону кӯдакон дар замони Паёмбар ба масҷид рафта дар намозҳои ҷамоат иштирок мекарданд, ҳатто баъзе шаб ба сабаби таъхири намоз дар масҷид хобашон мебурд.”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, агар ҳузури кӯдакон дар масҷид ба намозгузорон халал расонанд, пас, дар ин сурат аз бурдани онҳо ба масоҷид бояд худдорӣ кард.
Ахиран Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон низ аз намоз хондани кӯдакон ҷонибдорӣ намуда, аммо дар бораи бурдани онҳо ба масоҷид чизе нагуфт. “Вақте кӯдак аз хурдӣ намоз хондааст, яқин бидонед, ки аз ҷониби ӯ ноҳурматӣ нисбати волидайнаш намешавад”,-афзуд ӯ.
Аммо дар ду соли пеш мақомоти Тоҷикистон бо имзои қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон рафтани то ҳаждаҳсолаҳоро ба масоҷид манъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |