Боздошти писари Қозидавлат Қоимдодов дар фурудгоҳи Душанбе

Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов -- сафири Тоҷикистон дар Беларус субҳи 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” як масъули гумрук дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дода, афзуд, Қоимдодов дар ҳоле боздошт шуда, ки талош доштааст, тариқи хатсайри Душанбе-Маскав дуним кило ҳероинро интиқол бидиҳад.
Манбаъ афзуд, дар баробари Қоимдодов дастандаркорони дигари қочоқи мухаддирот низ боздошт шудаанд, аммо аз ифшои ҷузъиёти бештари қазия худдорӣ кард. Дар бораи писари Қозидавлат Қоимдодов иттилои кофӣ дар даст нест. Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Қоимдод Қоимдодов” саҳифаҳои мухталифе мавҷуданд, аммо кадоме аз онҳо дар бораи писари сафири Тоҷикистон дар Беларус будани ӯ дарак намедиҳанд.
Қозидавлат Қоимдодов аз моҳи октябри соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус мебошад. Дар соли 1992 муоивни раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2000 вакили парлумон буд. Вай ба ҳайси ноиби нахуствазир ва ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва сафири кишвар дар Туркманистон низ кор кардааст.Дар акс: Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус ва падари Қоимдод
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |