Бахшҳо
17 сен 2013 10:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дурбинҳо фаъол шаванд, нозирони БДА аз роҳҳо "гум" мешаванд?

Мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон мегӯянд, баробари фаъол шудани камера ва ё дурбинҳои назоратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе нозирони БДА аз роҳҳо барчида мешаванд.

Саид Ҷӯрахонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки 17-уми сентябр бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, кормандони БДА, ки ҳоло дар роҳҳо истода, қоидаҳои ҳаракатро назорат мекунанд, барои кор ба маркази идораи дурбинҳои назоратӣ оварда мешаванд. “Дар марказ мониторҳои бузург гузошта мешавад, ки ҳамаи онҳо ҳаракат дар роҳҳоро намоиш медиҳанд. Худи дурбинҳо ҳар як нақзи қоидаи ҳаракатро се бор акс мегиранд”,-гуфт ӯ.

Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар идома афзуд, солҳои аввали татбиқи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” барояшон мушкилу гарон меуфтад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, як мошин дар Тоҷикистон ба номи чанд нафар сабтином шуда ва гузашта аз ин, аксари сокинон нишонии дақиқи маҳалли зисти худро пешниҳод накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки марҳилаи аввали насби камераҳои назоратӣ дар Душанбе аз сӯи ширкати «Хуавей»-и Чин ба анҷом расида, дар охири моҳи сентябр фаъол хоҳанд шуд. Мақомот мегӯянд, ин тарҳ барои беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ, таъмини назорати доимӣ аз рӯи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва мубориза бо ришвагирӣ мусоидат хоҳад кард.

Ин тарҳ бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад. Дар доираи ҳамин лоиҳа аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур гуфта буд, ки истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.
Мӯҳр
Шахрванд
Ба БДА!!! шумоён бояд элон мекардед то як таърихи муаяйн то хама намуди мошинхо хусусан ба худи онхо хуччатгузори карда шаванд баъдан камерахоятонро фаъол гардонед. Як нафар ба номи 10 нафари хамсоя ё хешу таббор мошин дорад чи онхоро дар ба дари БДА -ву ким кадом дари дигар сарсон карда мегардед чи хеле мегуянд ХАВОРО ДИДА БАЪДАН МУЗАХОЯТОНРО БА ПОЯТОН КАШЕД

Сафокл
ГАИ бояд шуъбаи почта кушояд ва квитансияхои карзро кофта ба сохибонаш супурда, пули мучозотро бигирад. Ин чихела ГАИ будаст, ки як мошинро ба номи чанд кас менавиштаст? Холо мебинем ин камерахо боз чанд камбудихои ГАИ-ро ошкор мекунад.

Агар аз руи виҷдон кор кунанд кормандони БДА чандин камбудиҳое, ки худи онҳо содир кардаанд, ошкор мешавад. Лекин боз ҳамааш дасти худашонда. чи хеле ки хоҳанд, ҳамун хел тобаш медиҳанд. поле чудес мекунанд. Барои он ки коркуни БДА Тоҷикистон аз руи виҷдон кор кунад, бояд ҳамаи коркунони БДАро хуншона иваз кардан даркор.
Рости гап коркуни БДАро мебини Раиси колхоз барин шикам дорад. Ма намефаҳмам бо кадом ҳол ин хел коркуни вазорати дохила аз пушти ҷинояткор медавад а? Рости гап якчанд руз пеш аз назди текстил гузаштам. Дар пробка 1 соат зиёд мондам.

як чанд руз пеш аз назди текстил гузаштам. рости гап қариб якуним соат дар пробка мондем. Фикр кардам ки мумкин ягон коркуни БДА роҳро ва гузаштани автомобилҳоро назорат мекунанд. Вале афсус ки дар куҷое ки проблемма ҳаст коркуни БДАро намебини. Наход тамоми ҷумҳури донад ки ҳамин рузҳо пеши текстил пробка мешаваду БДА надонад а?. Ҷое ки проблема бошад ба микроскоп кобид коркуниҳои БДАро намеёбӣ. Об аз боло лой. Вазорати корҳои дохилӣ куҷора нигоҳ мекарда бошад а? БДА фақат барои пулҷамъкуни бошад а? Баъзеаш таъриф мсекунад ки дар як руз то 100 доллар кор накунам у руз барои ман руз нест. Ана гапу мана гап. Хонаҳои коркунои БДА қаср барин. Ба ин рузмон мо ҳеҷ гоҳ пеш намерем. У камераҳотон ҳам дар дасти худатонай.чи хеле ки хоҳен ҳамун хел мекуненша. Озодагон медонам ки гапом баъзеҳора намефораду лекин за то дилама холи кардам. чоп куни чоп кун, накуни ихтиёрат. ин гапҳоро ҲАМА медонад, лекин ба ки бгум.

Дар ЧТ новобаста аз он, дар кучахо камерахо васл шуданд, зарурият ба нозирон мемонад. Аввал он шахсе, ки солхои тулони нозир буд ва бекор монад хатман ё дузд мешавад ва ё горатгар. Чаро? чунки вай бечора дигар ягон хунаре надорад. Вакте, ки садама шавад хатман якчанд нозири рох меояд ва хар тарафро мегуяд, ки агар бисёр маблаг дихад корро ба фоидаи у хал мекунанд ва албатта дар ин чо камбагали бечора бой медихад. Нозири рох бошад хатман он бегох бо дасти пур назди фарзандони худ бармегадад. Хайр чи кор кунад зиндаги ин худ муборизаи шадид мебошад. Лекин мо боари дорем, ки нозирон дигар роххои ситондани маблаги муфдро мечуянд. Ин талаби хаёт мебошад. Касе биологияро нагз медонад ба ин ягон шубхае надорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)