Ойниҳол Бобоназарова: “Фарқи ман аз Раҳмон дар чист?”

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), рӯзи 17-уми сентябр дар Анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ суханронӣ кард. Хонум Бобоназарова дар оғози суҳбаташ гуфт, агар касе фикр кунад, ки ӯ аз ин тасмими ИНИТ хушҳол аст, иштибоҳ мекунад.
“Пайвандонам мегӯянд, чи хел туи демократ бо исломиҳо пайвастӣ. Ман то рӯзи 9-уми сентябр хоҳиш доштам, ки масъалаи номзадии ман матраҳ нашавад”,-афзуд ӯ. Ойниҳол Бобоназарова дар идома дар бораи маҳдудияти озодиҳои динӣ ҳам суҳбат кард ва гуфт, “ман то ба имрӯз хиёнат накардаам ва ба касе хиёнат намекунам. Ман ҳатто ба душманонам хиёнат намекунам. Ман то ба имрӯз хилофи қонунҳои маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ садо баланд кардаам. Барои дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабӣ он Шӯрои уламо не, ҳамин сарлуч садо баланд кард.”
Бобоназарова гуфт, ҳадафаш аз ризоият барои иштирок дар интихоботи президентӣ мансабу мақом нест. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “ИНИТ ба мардум пешниҳод кард, ки фикру ақидаҳои худро бигӯед. Ман агар пирӯз шавам, ман ҳамон супориши Шуморо иҷро мекунам, аз ин зиёд не. Фарқи ман аз Раҳмон дар чист: Ӯ дар қудрат 21 сол аст, ки ҳукмронӣ мекунад. 21 дарсаде, ки аз Раҳмон норозӣ мешаванд, ба ман зам мешаванд. Барои ман ҷанубу шарқу шимолу ғарб ҳеч фарқ надорад. Барои ман ҷомеа муҳим аст. Бисёриҳо мегӯянд, гӯиё гапе бо ҳукумат аст. Агар ман ғолиб шавам, ман қасдгир нестам. Ман ба пеш меравам. Чизе буд, гузашт. Нафаре, ки ҷанг мегӯяд, вай девона аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |