Академик Бухориев довталаби курсии президентӣ шуд

Вакилони Анҷумани Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр Толиббек Бухориеви 59-сола -- ноиби раиси ин ҳизбро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон интихоб карданд. Аз 83 вакил ҳаштод нафар ба тарафдории академик Бухориев раъй дода, ӯро номзади худ эътироф намуданд.
Бухориев аз моҳи январи соли 2008 муовини Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Вай зодаи ноҳияи Ванҷ буда, солҳои 1998-2001 ба ҳайси мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрӣ ва солҳои 2001-2008 ҳамчун Директори генералии Донишкадаи илмию таҳқиқотии “Зироаткор” ба номи А.Н.Махсумов кор кардааст.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2006 таъсис ёфта, ҳоло ба гуфтаи масъулонаш 3 ҳазор узв дорад, бори дувум аст, ки бо номзади худ вориди сабқати интихоботи президентӣ мешавад. Дар интихоботи қаблӣ Амир Қароқулов, ки ҳоло узви Маҷлиси Намояндагон аст, бо Эмомалӣ Раҳмон вориди сабқат шуда, аммо раъйи кофӣ ба даст наоварда буд.
Бархе аз соҳибназарон ин ҳизбро ба унвони “ҳизби кисагӣ” мешиносанд, ки ба гуфтаи онҳо дар лаҳзаҳои мушкил барои ҳукумат бо номзадҳову пешниҳодҳояш “кумак мекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |