Billboard Пинкро “Бонуи сол” эълон кард
Маҷаллаи маъруфи мусиқии Billboard хонандаи амрикоӣ – Пинкро «Бонуи сол» эълон кардааст.
Гуфта мешавад, ҷоизаи мазкур 10-уми декабр дар маросими вижае ба Пинк (номи аслияш Алисия Бет Мур) тақдим мешавад. Billboard навиштааст, ки дар соли сипаришуда албоми «The Truth About Love»-и Пинк барои нахустин маротиба дар карераи овозхон дар садри рейтинги Billboard 200 мақом гирифтааст.
Ба ҷуз ин, соли 2013 суруди «Just Give Me a Reason»-и ӯ дар зинаи аввали Hot 100-и маҷаллаи Billboard нишастааст.
Ба иттилои маҷалла то имрӯз ҳудуди 40 миллион нусхаи албомҳои Пинк фурухта шуда, ҳамчунин наздики 20 миллион таронааш дар интернет харидор ёфтааст.
Аз ин пештар Бейонсе, Тейлор Свифт ва Ферҷӣ унвони «Бонуи сол»-и маҷаллаи Billboard-ро дарёфт карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |