Дар Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар қазоқҳо мутолеа мекардаанд
Қазоқистон дар радифи серхонанадатарин кишварҳои панҷгонаи пасошӯравӣ қарор гирифтааст.
Ба навиштаи нашрияи русии “Комсомольская Правда”,миёни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҳама бештар атбои Беларусия мутолеа менамудаанд, ки аз 1000 сокини ин кишвар, 392 нафарашон ба китобхонаҳо мерафтаанд.
Ин нашрия номи Русияро дар мақоми дуюм қарор додааст, ки аз миёни 1000 нафар 375 кас одати мутолеа кардан доштаанд. Ин нишондод дар Украинаву Озарбойҷон, ки дар мақоми сеюм ва чаҳорум ҷой дода шудаанд, ба тартиб 336 ва 286-ро ташкил медиҳад.
Дар ин раддабанди аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Қазоқистон ном бурда шудааст, ки аз миёни 1000 сокини он 269 нафар мутолеа мекардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |