Пештозии қирғизҳо барои бунёди мадраса дар Осиёи Марказӣ
Қирғизистон аз нигоҳи шумораи таълимгоҳҳои динӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Канибек Усмоналиев, вакили парлумони Қирғизистон мегӯяд, ҳоло дар ин кишвар 91 таълимгоҳи динӣ фаъолият дорад, ки аз ин нишондод 75 адад маркази таълимоти исломӣ ва 16 адад масеҳӣ мебошад.
Ин намояндаи мардумии ғирғиз аз низоми таълим дар муассисаҳои омӯзиши таълимоти динии Қирғизистон ибрози нигаронӣ карда, аз парлумони кишвараш хостааст, ба ин масъала расидагӣ кунад.
Ӯ мегӯяд, барномаи таълимии ин марокизи омӯзишӣ гуногун мебошанд. Дар як таълимгоҳ тибқи барномаи руҳониёни Покистон дарс дода мешавад, дар таълимгоҳи дигар бар асоси барномаи руҳониёни Арабистони Саудӣ ё Мисру Туркия.
Ин вакили парлумони Қирғизистон таъкид кардааст, ки ҳар чанд давлат ҳаққи дахолат ба ин мавзуро надорад. Вале бояд мақомоти қирғиз чорае андешанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |