Назарпурсӣ: 68% аз номзадии Бобоназарова ҳимоят карданд

Зимни як назарпурсӣ дар бахши русии сомонаи “Озодагон” наздики 70 дарсади хонандагон аз пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ ҳимоят кардаанд.
Аз ҷумла 40 дарсади хонандагон изҳор доштаанд, ки пурра ҷонибдори номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ мебошанд. 28 дарсад пешниҳоди номзадии Бобоназароваро як иқдоми маҷбурӣ, вале дар айни замон дуруст хондаанд. Ҳамагӣ 22 дарсади хонандагони “Озодагон” пешниҳоди Ойниҳол Бобоназароваро ба президентӣ иштибоҳ хондаанд.
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд.
Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли ҳозир раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |