Нафрати русҳо ба муҳоҷирон ... аз носкашӣ будааст
Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар муносибати бади аҳолии муқимии кишвараш бо муҳоҷирон, худи муҳоҷиронро айбдор медонад.
Ӯ гуфтааст, муҳоҷирони меҳнатӣ бо бархе аз амалҳои худ, аз ҷумла, пӯхтани сихкабоб ва кашидани тамоку (нос) дар кӯчаҳо сокинони муқимиро ба ғазаб меоранд. Раҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, "дар маҳаллаи Кузминкӣ бо саги худ дар кӯчаҳо пиёдаравӣ кардан имконнопазир мебошад. Зеро муҳоҷирон дар кӯчаву хиёбонҳои ин минтақа бо омода кардани сихкабобу кашидани тамоку машғуланд, ки ин амал ба сокинон намефорад."
Ба гуфтаи Ромодановский, дар тӯли 4 соли охир шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия 37 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин нишондодро аслан ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд. Ромодановский афзудааст, шаҳрвандони Русия муҳоҷиронро барои он бад намебинанд, ки онҳо дар ватанашон кор мекунанд, балки барои бархе аз рафторҳояшон аз онҳо нафрат доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |