Далер Шарифов ба Мулло Ҳайдар: “Фаромӯш накунед, дар асри 21-ем!”
Дар кишваре, ки 99 фисад мардуми мусалмон зиндагӣ мекунад, бештари рӯҳониён вазифаи аслии худро фаромӯш карда, даст ба мавзӯъҳое мезананд, ки ҳайрати кас меояд.
Ба ҷои он ки аз фаризаҳои илоҳӣ, ба монанди ҳиҷоб, таълими Қуръон, ибодат дар масҷид, муомилоти зиндагӣ тибқи шариат ва даҳҳо мавзӯъҳое ки имрӯз дар Тоҷикистон мувоҷеҳи мушкиланд, пуштибонӣ кунанд, андешаҳоеро тариқи матбуот аз онҳо мехонем ё мешунавем, ки хандаовар аст.
Чанде пештар Мулло Ҳайдар (Шарифов) аз руҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб дар «Asia-Plus» гуфта, ки ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад «ҷинояте зидди давлат ва миллат» содир кардааст. Чанде сабр кардам, ки ягон шахси огоҳ ба эшон посухе бидиҳад ва бифаҳмонад ки домуллои «муҳтарам» ин андешаатон ғалат аст. Аммо чунин нашуд.
Домуллои «муҳтарам» ман ба ин кор надорам, ки андешаҳои Шумо хилофи Сарқонун ва тамоми арзишҳои демкократисту ба кадом бандҳои қонун мухолифат мекунад. Бигзор, инро ҳуқуқдонҳо ва мардуми Тоҷикистон, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, ба шумо бифаҳмонанд. Домуллои «муҳтарам» агар овоз надодан ба Эмомалӣ Раҳмон «ҷинояте зидди давлат ва миллат» бошад, бояд пас аз интихобот онҳоеро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надодаанд, ҳамаашонро дохили зиндон кард, чаро ки ҷиноят зидди давлату миллат амали нобахшиданист.
Ба маълумоти Шумо Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев ба хотири ҷиноят зидди давлату миллат яке понздаҳ сол ва дигарӣ як умр ба ҳабс маҳкум шуданд. Аз ин хотир баъди хондани Чоркитобу Мухтасар кам-кам қонунҳои кишварро мутолиа кунед. Шумо ҳамчун домулло ва рӯҳонӣ бояд бидонед, ки тибқи шариати Ислом ҳар шахс ҳаққи интихоби зиндагии арзанда ва шоистаро дорад. Ва ӯ ҳақ дорад аз «улуламр»-и ғайришаръӣ итоат накунад ё ба ӯ раъйи худро надиҳад ё баръакс аз роҳбаре, ки тамоми хостаҳои динӣ ва дунявиашро бароварда мекунад, пуштибонӣ ва итоат намояд. Ин мавзӯъ дар дини муқаддаси Ислом хеле муҳим аст. Чаро ки Ислом дини диктаторӣ ё диктаторҳо нест. Домулло, Шумо агар хонда бошед хоҳиш мекунам ба хотиратон биёред замонеро ки паёмбари бузурги Ислом ҳангоме ки аз дунё гузаштанд, ҷонишин ё роҳбари ояндаи хилофатро таъин накарданд ва онро ба худи саҳобагон гузоштанд, то тариқи интихобот онҳо роҳбари ояндаи худро интихоб кунанд.
Ҳамин тариқ, чаҳор халифаи бузург ва минбаъда дар Ислом на ба тариқи дуздии овозҳо ё фишору хиёнатҳо, балки тариқи интихоботи озоду шаффоф яке паси ҳамдигар роҳбар таъин шуданд. Хусусан ҳангоми интихоби ҳазрати Усмон ва ҳазрати Алӣ, ки ҳардуяшон дар мақому мартаба ва илму дониш ва тақво қариб баробар буданд интихобот ҳамин хел сурат гирифт, ки бо шоҳидии се саҳоба хона ба хона гашта ба тарафдории ин ду нафар овоз ҷамъ карданд ва яке аз инҳо дар интихобот, яъне ҳазрати Усмон ғолиб омад ва ҳазрати Алӣ омада, бо ӯ байъат кард ва ӯро ба мақоми хилофат табрик намуд.
Домулло медонед, ки ин воқеа дар дини Ислом 1400 сол пеш сурат гирифта буд ва алъон мо дар асри 21 қарор дорему мардумро маҷбур мекунем ба тарафдории касе овоз диҳанд ва овоз надоданашонро ба номзади мавриди худ ҷиноят ҳисоб мекунем. Шумо, ки саллаву ҷелак ва номи муллоӣ доред, аз номи Ислом баромад мекунед ва то ба имрӯз зиндагиатон пушти номи Ислом аст бояд мардумро аз ахлоқу аҳком ва ҷавонмардиҳои саҳобагон раҳнамоӣ кунед. Давлатдории боадолатонаи Умарро барояшон қисса кунед.
Ба мардум бифаҳмонед, ки Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ бо либосҳои дарбеҳшудаву шиками гурусна ба мардум хизмат мекарданд. Онҳо хилофатро авлодӣ накардаву тамоми тиҷорату саноату зиндагиро монополия накарда буданд. Ва ҳамин буд, ки то Испания хилофаташон тӯл мекашид. Шумо, ки пеши Худо аз ҳар авоме дида масъулияти бештареро доред ва фардо аз ин ҳама масъулият пурсида хоҳед шуд. Аз ин хотир ҳамчун як мусалмони Тоҷикистон аз шумо хоҳиш дорам, ки ба ҳар чӣ назар медиҳед, як бор онро дар тарозуи ақл санҷед. Шумо, ки намояндагӣ аз дини муқадаси Ислом мекунед, бештар кӯшиш кунед, ки мушкилиҳои мардуми мусалмон рафъ гардад. Агар ба ҷуз мулло будан вазифаи дигаре ҳам доред, пас, инаш ҳавола ба худатон, ман ҷуз мулло Шуморо каси дигар намешиносам.
Бигзор мардуми Тоҷикистон касеро ки худашон салоҳ медонанд, интихоб кунанд. Ману Шумо домулои «муҳтарам» ва ҳеч нафари дигар ҳақ надорад ба ҳуқуқи мардум дахолат кунад. Ҳама чиз маълум аст ва мардум худашон медонанд, ки ба кӣ овоз диҳанд. Вазифаи аслии Шумо домулло ин аст, ки ба мардум ва мансабдорон ҳалолхурӣ, хиёнат накардан дар мансаб, надуздидани овозҳои мардум ва риояи ҳаққу ҳуқуқи мардумро фаҳмондан мебошад. Тағйир додани ҳолу аҳволамонро Худованд бар дӯши худамон вогузор кардааст.
Домуллои «муҳтарам» Худованд мефармояд, «Худованд ҳоли ҳеч қавмеро тағйир намедиҳад, то вақте онон он чӣ дар дилҳояшон доранд, тағйир диҳанд» (сураи Раъд, ояти 11). Пас, бояд ба хотири пешрафт ва саодатмандии мусалмонон ва миллати шарафманди тоҷик дилҳоямонро ва андешаҳоямонро тағйир бидиҳем, на ба хотири кадом манфиатаке шахсиятпарастӣ кунему аз пинҳон кардани ҳақиқат ва нодида гирифтани масъалаҳои муҳим даст бикашем.
Далер ШАРИФОВ,
журналист
PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |