Абумуслим: “Таҳти фишори раис зидди Тошеву Ризоев ҳарф задам”

Абумуслим Раҷабов, як маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки дар парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев -- ду шоҳиди марги Ҳамза Икромзода ҳамчун “ҷабрдида” муаррифӣ шуда, зидди онҳо баёнот дода буд, рӯзи 24-уми сентябр онро рад кардааст. Вай гуфта, ки ин баёнотро таҳти фишор ва шиканҷаи Диловар Арабов, сардори зиндони сеюми Хуҷанд, додааст.
Оқои Раҷабов ин ҳамаро ҳангоми мурофиаи додгоҳии Суннатулло Ризоев ва Садридин Тошев баён доштааст, ки рӯзи 24-юми сентябр бо таъини айбдоркунандаи нави давлатӣ -- Иброҳим Саидов дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд баргузор гардид. Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки соли гузашта аз зиндони аввали Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, дар паҳн кардани иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев гуфт, “Абӯмуслим Раҷабов пофишорӣ намуд, ки бо адвокат таъмин карда шавад, чун шояд баъд аз пурсиш ба вай таъсир расонанд ё фишор биоваранд. Ман замонат додам, ки аз ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ дифоъ хоҳам кард. Ӯ баъд аз ин барои баёнот додан розӣ шуд. Вай тасдиқ намуд, наворе, ки дар бораи шиканҷаи зиндониён нақл карда, дар Интернет пахш шуда буд, сохта набуда, воқеан аз ҷониби кормандони муассиса нисбат ба онҳо расонда шуда буданд.”
Хонум Воҳидова дар идомаи суханаш гуфт, ҷабрдида гуфтааст, ӯ нисбат ба Тошев ва Ризоев даъвое надорад: “Абумуслим Раҷабов аз рӯи парванда ҷабрдида ҳисоб меёбад. Лекин имрӯз гуфт, ки ӯ ҷабрдидаи парванда аз кирдори Тошеву Ризоев набуда, баръакс ҷароҳатҳои ҷисмониро ба ӯ кормандони муассиса расондаанд ва ӯ нисбати кормандони муассиса даъво дорад.”
Тошев ва Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Ин парвандаи онҳо баъд аз он ифтитоҳ шуд, ки дар Интернет навори видеоие дар бораи шиканҷаи зиндониёне, ки аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуданд, пайдо ва бо вокунишҳо рӯбарӯ гардид. Мақомот мегӯянд, Тошеву Ризоев ин навори сохтаро паҳн кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |