Бахшҳо

Сабқати тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон

Мунтахаби милии Тоҷикистон бо якачини Қирғизистон дар як вохурии дӯстона ба сабқат мебароянд.

Дар ин бора миёни Федератсияи футболи ин ду кишвар тавофуқномае ба имзо расидааст. Тибқи иттилои ФИФА ин вохурӣ рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Дастаи миллии Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 9 бозӣ ба анҷом расонидаанд, ки 6 дидор ба манфиати мунтахаби тоҷик анҷом ёфта, як мусовӣ ва дар ду бозӣ маӯлуб шудааст. Мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои қаблӣ 12-гол ва мунтахаби Қирғизистон 7-гол задааст.

Натиҷаи бозиҳои қаблии мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон чунин аст:

08.06.1993 - Мусобиқоти байналмилалӣ. Теҳрон. Тоҷиикистон - Қирғизстон - 1:1 (Тоҳир Муминов, 85).

15.04.1994 - Мусобиқоти байналмилалӣ. Тошкант. Тоҷиикистон - Қирғизистон - 1:0 (Константин Ерофеев, 67).

05.08.1999 - Ҷоми Осиё-2000. Мусобиқоти интихобӣ. Душанбе. Тоҷикистон - Қирғизстон - 3:2 (Тохир Муминов, 6, 11, с пенальти, Ораз Назаров, 57).

18.02.2004 -Ҷоми ҷаҳон-2006. Мусобиқоти интихобӣ. Бишкек. Қирғизстон - Таҷикистон - 1:2 (Пирмурод Бурҳонов, 31, 54).

13.10.2004 - Ҷоми ҷаҳон-2006. Мусобиқоти интихобӣ. Душанбе. Тоҷикистон - Қирғизстан - 2:1 (Юсуф Рабиев, 19, Мансур Ҳакимов, 37).

06.04.2006 - Ҷоми даъвати АФК-2006. Дакка, Бангладеш. Тоҷикистон - Қирғизстон - 0:1.

13.04.2006 - Ҷоми даъвати АФК-2006. Дакка, Бангладеш. Тоҷиикистон - Қиғизистон - 2:0 (Юсуф Рабиев, 51, 90).

21.03.2011 - Ҷоми даъвати АФК-2012. Мусобиқоти интихобӣ. Мале, Молдив. Тоҷикистон - Қирғизстон - 1:0 (Руслан Сидиқов, 88, ба дарвозаи худ).

21.03.2013 - Ҷоми даъвати АФК. Мусобиқоти интихобӣ. Бишкек. Қирғизстон - Тоҷикистон - 1:0.

Барои Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави дастаи мунтахаби тоҷик, ин бори дуюм мешавад, ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳо иштирок дорад. Мунтахаби милли Тоҷикистон 14-уми августи соли равон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Ҳиндӯстон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)