Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Берун кардани муфтӣ аз ҳизб ба хотири саркашӣ аз пардохти ҳаққи узвият » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 19 июл 2019, 05:11

Берун кардани муфтӣ аз ҳизб ба хотири саркашӣ аз пардохти ҳаққи узвият

24 сентябр 2013, 19:48

Мурод Телибеков, раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон барои напардохтани ҳаққи узвият аз саффи аъзои Ҳизби “Нӯр Отан”-и ин кишвар берун карда шудааст.

Раҳбарияти Ҳизби “Нӯр Отан”-и Қазоқистон, бо пахши як изҳорот узви ин ҳизб будани Мурод Телибеков, раиси Иттиҳоди мусулмонони ин кишварро рад карда, гуфтааст, Телибеков ҳанӯз моҳи декабри соли 2010 ба хотири саркашӣ аз пардохти ҳаққи узвият ва қатъи робита бо ҳизб аз саффи он берун шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл раиси Иттиҳоди мусулмонони қазоқ аз омодагии худ барои додани билети ҳизбияш ба Баҳит Сиздикова, ки аз узвияти Ҳизби “Нур Отан” маҳрум гардид, хабар дода буд. Сиздикова ҳафтае пеш ба хотири барнагардонидани 7 миллион танга ва напардохтани ҳаққи узвият аз ҳизби мазкур берун карда шуда буд.

Телибеокв дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, барои шахсе, ки мехоҳад ба ватан хидмат кунад, муҳим нест, узвияти ягон ҳизберо дошта бошад. Аз ин рӯ омодааст, билети ҳизбияшро ба Сиздикова диҳад.

Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, солона як дарсади аъзои Ҳизби "Нур Отан"-и Қазоқистон ба хотири қатъи робита бо ҳизб ва напардохтани ҳаққи узвият аз саффи аъзои он берун карда мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!