Аксҳо аз лаҳзаи истиқболи Алим Шерзамонов дар Хоруғ

Алим Шерзамонов, раиси бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, баъд аз бозпурсии 12-соатааш дар бинои Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи сешанбеи 24-уми сентябр ба Хоруғ рафт. Ӯро дар фурудгоҳи маркази вилояти Бадахшон гурӯҳе аз наздикону дӯстонаш истиқбол гирифтанд.
Худи Шерзамонов шоми 16-уми сентябр аз Маскав ба Душанбе бозгашта буд. Вай дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ дар тобистони соли гузашта кишварро ба қасди Маскав тарк карда ва то ин муддат дар он ҷо мезист.
Алим Шерзамонов, масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз мунтақидони баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон буд ва моҳи июли соли ҷорӣ пешниҳод кард, ки ёдбуди қурбониёни ин амалиёт баргузор шавад. Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |