Сӯҳбати ғайриинтизори Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25-уми сентябр дар доираи сафари корияш ба минтақаи Рашт бо Мирзохуҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) мулоқот кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, "президент аз хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо таҳти роҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов боздид кард. Аҳмадов раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба сари як пиёла чой даъват намуд, аммо президент ба ҷои чой беҳтар донистанд, ки Аҳмадов ба мактаб-интернати ноҳия ду тонна картошка фиристад.”
Ба иттилои сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, хоҷагии Мирзохӯҷа Аҳмадов 3 гектар замин доштааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов дар назар нест. Аз ҷумла, худи Мирзохӯҷа Аҳмадов низ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, аз ҷараёни ин сафари Эмомалӣ Раҳмон хабар надорад ва ҳам барои сӯҳбат даъват нашудааст.
Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони пешини ИНОТ, панҷ сол боз дар матбуоти дохилу хориҷ чарх мезанад. Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ӯву ёронашро дар қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, муттаҳам дониста буданд. Баъдан, дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар Рашт, ки аз моҳи августи 2010 то майи 2011 идома кард, оқои Аҳмадов дар пинҳон кардани Мулло Абдулло, ҳимоят аз Алии Бедакӣ ва ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ муттаҳам мешуд. Ҳатто дар як барномаи телевизонӣ мақомот ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ карда буданд. Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷурмҳо даст надорад ва омодааст барои муқобила бо мухолифони мусаллаҳ ба ҳукумат кумак кунад.
Ахиран Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ба ҳайси мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст. Аммо худи ӯ дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, то ҳол ба иҷрои ин вазифааш оғоз накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |