“Разбор”-и ҷавонон дар Душанбе бо куштор анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ахиран муноқиша ё худ “разбор”-и ҷавонон дар Душанбе як кушта ва чанд маҷруҳ барҷой гузошт.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 22-юми сентябри соли равон сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Кариабдиев Аваз Ғиёсиддинович, соли таваллудаш 1994 ва Ҳусейнов Раҳматулло Баҳриддинович, соли таваллудаш 1995 муноқишаву ҷанҷол намуда, созиш мекунанд, ки бо ҳам вохӯрда «мардонавор» муноқишаи бамиёномадаро ҳал мекунанд: “Санаи 23-юми сентябри 2013, соати 18:30 дақиқа шаҳрванд Кариабдиев бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳи рафиқонаш шаҳрвандон, Ғафуров Судан Қудбиддинович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Варзоб, Мирзоев Нурулло Абдурауфович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рудакӣ, Сайфиддинов Самандар Асомиддинович ва Олимов Садриддин Сироҷович, соли таваллудашон 1991, сокинони шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт бо шаҳрвандон-Ҳусейнов Раҳматулло, Файзов Хайём Назаралиевич, соли таваллудаш 1993, Одинаев Аюб Давлатович, соли таваллудаш 1995, Сайдалиев Муродалӣ Раҳмонович, соли таваллудаш 1996 ва Сайдалиев Курбоналӣ Раҳмоналиевич, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандагони ноҳияи Шоҳмансури Душанбе вохӯрда, бо ҳамдигар муддати зиёда аз 25-30 дақиқа муноқиша намуда, баъд ба занозанӣ мегузаранд, ки дар натиҷа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.”
Манбаъ мегӯяд, зимни ин занозанӣ, шаҳрванд Одинаев Аюб ба бадани Мирзоев Нурулло, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрванд Сайдалиев Муродалиев бошад ба шаҳрванд Ғафуров Судан бо корд якчанд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Ба иттилои ВКД аз зарбаи корд ба қафаси сина ва қисми шикам Ғафуров Судан Қудбиддинович дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расида, шаҳрванд Мирзоев Нурулло Абдурауфович дар беморхона барои муолиҷа бистарӣ карда мешавад.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки айни ҳол гумонбарони ҷинояти куштор, расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва авбошии дар боло номбаршуда, дастгир карда шуда, нисбаташон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |