Як ҳомии ҳуқуқ дар Пекин бедарак шудааст
Ҳомиёни ҳуқуқ аз бедарак шудани Чао Шунли, як фаъоли ҳуқуқи инсон дар Пекин хабар додаанд.
Бедарак шудани Шунли дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки мебоист гузориши нави СММ оид ба вазъи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Хитой нашр шавад, -хабар додааст хадамоти русии Бӣ-Бӣ-Сӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, Чао Шунли мебоист ҷиҳати ширкат дар як давраи омӯзишӣ ба Швейтсария мерафт, аммо дар фурудгоҳи Пекин иртибот бо ӯ қатъ шудааст.
Гуфта мешавад, ин нафар ҷиҳати ҷалби бештари одамон барои гирдоварии маълумот ва дар ихтиёри коршиносони СММ гузоштани он талош мекардааст.
СММ дар чор сол як маротиба мониторинги вазъи ҳуқуқи инсон дар Хитойро анҷом медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |