Исмонов: “Фақат Раҳмонро рақиби ҷиддӣ медонам” (ВИДЕО)

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президентӣ.
“КОРИ ҲИЗБ НАСИҲАТ ГУФТАН НЕСТ”
Озодагон: Ҷаноби Исмонов, биёед, сӯҳбатро аз анҷумани ахири Ҳизби демократ оғоз мекунем, ки Шуморо ҳамчун номзад интихоб кард, вале дар пай баҳсҳои зиёдеро боқӣ гузошт. Аз ҷумла, баъд аз ин анҷуман бархе аз собиқадорони ҳизб аз Шӯрои сиёсӣ ва муовинати Шумо берун карда шуданд, ки далелаш чӣ буд?
Исмонов: “Кор дар Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) чанд моҳ пеш то замони баргузории анҷумани 12-уми ҳизбӣ шурӯъ шуда буд. Мо дар манотиқи кишвар ҷамъ шуда, сӯҳбатҳо доштем. Мақсад танҳо як чиз буд: эҳё кардани ҲДТ дар умум. Ман ба Сайраҳмон Назриев дар Хатлон, Раҷаби Мирзо дар Восеъ ва Мамлакат Ҷайчиева дар Душанбе супориш дода будам, то дар минтақаҳо ячейкаҳои ҳизбӣ таъсис бидиҳанд. Як ячейка аз 3 нафар метавонад иборат бошад. Вале бо гузашти 2 моҳ ба ман гуфтанд, ки ячейка таъсис дода наметавонанд, чун ҳукумат мушкил пеш овардааст ва ё дигар далелҳое пеш меоварданд. Ин яъне чӣ маъно дорад? Бале, дуруст аст, ки дар касбият шояд онҳо беҳтарин бошанд. Вале дар ҳизб кор дигар аст. Дар натиҷа танҳо ҳамин се нафар боз эътироз карданд. Шояд то ин замон онҳо одатан сухан мегуфтанд, вале кори ҳизб танҳо бо сухану насиҳат пеш намеравад. Аслан дар ин кор дигар чизе нест, ки мо миёни ҳамҳизбиҳо тақсим кунем. Танҳо ақида аст. Мо барои ақида кор мекунем. Баъд аз тасмими дубора эҳё кардани ҳизб талабот дигар шуд, фаъолият шуруъ шуд. Қаблан ман намедонам, ки ин ҳизб чӣ талабот дошт. Чунки баъд аз омадан дар ин ҳизб ман ҳеч чизро пайдо накардам. Ҳатто як варақ набуд, ҳатто бойгонӣ нест. Кай, чӣ гуна дар дар куҷо ҷаласа ва ё анҷуман буд, ҳеч маълумот, протокол нест дар ҳизб.”
Озодагон: Бо ин шароит Шумо чӣ гуна тасмим гирифтед, вориди корзори интихоботи президентӣ шавед?
Исмонов: “Бубинед, мо дар анҷумани худ аксаран собиқадоронро ҷамъ кардем. То он замон конфронсҳои вилоятиву шаҳрӣ баргузор карда будем. Ба таври ҷадид ва демократӣ Шӯро ва раҳбарияти нав интихоб кардем. Аслан ҳар як ҳизби сиёсие, ки ба қайд гирифта мешавад, як ҳадаф дорад: ширкат дар интихоботи парлумонӣ ва ё президентӣ. Аз ин хотир, ҲДТ ҳам хост, то дар ин маъаракаи сиёсии 2013 ширкат дошта бошад.”
“ҲДТ ДАР ДОХИЛАШ ПРОБЛЕМА НАДОРАД”
Озодагон: Аммо Мамлакат Ҷайчиева дар анҷумани ҲДТ зимни суханронии худ зикр дошт, ки ба далели мавҷудияти мушкилоти дохилиҳизбӣ аз пешбарии номзад дар интихоботи 2013 бояд худдорӣ кунед...
Исмонов: “Бори дигар мегӯям, ки мо дар дохили ҳизб ба ғайр аз се нафар дигар ҳеч мушкиле бо дигарон надорем. ҲДТ мушкиле дар дохили худ надорад.”
Озодагон: Аммо Шумо мегӯед, ки дар минтақаҳо ячейка таъсис дода натавонистед, яъне мушкил нест?
Исмонов: “Ин ҳамин се нафар оддитарин кори ҳизбиро карда натавонистанд. Мо онҳоро барои собиқадор будани аъзои ҲДТ эҳтиром мекунем. Вале фаъолият лозим аст. Онҳо бошанд, ба мо меоянду насиҳат мекунанд, насиҳат ба касе лозим нест. Фаъолият, ки надоранд мехоҳанд, ки сухан бигӯянд ва ақидаи худро ба дигарон бор кунанд. Дар анҷуман аксарият тарафдор буданд.”
Озодагон: Дар ҳоли ҳозир ҲДТ чанд узв дорад?
Исмонов: “То имрӯз барои мо бештар аз 16 ҳазор ариза пешниҳод шудааст. Аз ин миён 4 ҳазору 734 ариза дар ҳолати баррасӣ қарор дорад. Чунки барои мо натанҳо миқдор, балки сифат ҳам лозим аст. Бояд афроде аъзои ҲДТ бошанд, ки ҳадди ақал 10 нафарро аз паси худ бурда тавонанд. Мо ҳизби мухолифи конструктивӣ (созанда) ҳастем.”
“МО ОРОМ КОР МЕКУНЕМ”
Озодагон: Вақте вориди корзори интитхоботӣ шудед, то имрӯз бо чӣ мушкилҳо рӯбарӯ гардидед?
Исмонов: “Ман дар чанд ташкилот раҳбар будам. Таҷрибаи кофӣ барои кор бо мардум дорам. Аз ин хотир, аз тарафдорон низ талаб мекунам, то ба мардум бештар кор кунанд. Масъулини демократҳо ҳуқуқи худро медонанд, ҳаққи худро талаб мекунанд ва таҳаммулпазир ҳам ҳастанд. Бачаҳои мо вақте барои ин ё он кор ба назди масъулин мерафтанд, қабул намекарданд, ҳолатҳое буд, ки то се рӯз баъзе раисҳо қабул накарданд. Вале ман ҳамеша мегуфтам, ки эътирозу ҷанҷол набардоранд. Оромона мунтазир бошанду корҳои худро ба анҷом расонанд.”
Озодагон: Масалан, кадом раис?
Исмонов: “Барои мисол, раиси ноҳияи Фирдавсӣ. Ҳамон рӯзи қабул одами мо занг зад ва гуфт, дар қабулгоҳ 15 нафар мунтазиранду ӯ бояд чӣ кор кунад? Ман ҳам барояш гуфтам, ки мунтазир бимонад.”
"МО НАМЕТАВОНЕМ, КИ..."
Озодагон: Мегӯед, ҳизби мухолифу конструктивӣ ҳастед, дар асоси таҳлил кор мекунед. Пас, дар воқеъ, Шуморо чӣ водор кард, то ба майдони рақобат ворид бишавед?
Исмонов: “Ман шахсан омода набудам. Мо то лаҳзаи охир гумон доштем, ки мисли соли 2006 Табаралӣ Зиёев номзади ҲДТ хоҳад буд. Зеро Зиёев алакай таҷриба доштанд. Аммо он кас дар анҷуман номзадии худро бозпас гирифта, якбора маро пешниҳод карданд. Ҳамин тавр, дигар аъзои ҳизб ҳам дастгирӣ карданд. Пас, ман ба унвони раҳбари ҳизб натавонистам дархости ҳамҳизбиҳои худро қабул накунам. Табиӣ аст, ки ҳар ҳизб барои ширкат дар интихобот барномаи мушаххаси худро дорад ва дар асоси таҳлили камбудии ҷомеа он таҳия мешавад. Ҳар ҳизб ҷомеа, мушкилот ва рушди онро ба тарзи худ мебинад.”
Озодагон: Мушаххастар. Шахсан Шуморо кадом камбудии ҷомеа –сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ... ва ё чӣ водор кард, то номзад ба курсии президентӣ бошед?
Исмонов: “Аслан аз нигоҳи ман Тоҷикистон дар як давраи гузариш қарор дорад. Ҷомеа зиёд эътироз дорад. Барои мисол, як зани хонашин ба дӯкони фурӯши матоъ медарояд. Онҷо сад намуди матоъ аст. Вале зан мебинаду аз тоҷир мегӯяд, ки кадоме аз ин матоъ моли охири Шумо ҳаст? Манзури ман чист? Манзури ман ин аст, ки бубинед чандин фабрикаҳои истеҳсоли матои Малайзияву дигар кишвар талаботи як зани хонашинро қонеъ намекунад, ӯ эътироз мекунад. Ҳамин гуна дигарон ҳам эътироз доранд. Мо дар ҷомеа мушкилоти зиёде дорем. Якбора ҳамаи онро бартараф кардан ғайриимкон аст. Мо наметавонем якбора мансабдоронро барканор кунем. Барои бартараф кардани ҳамин мушкилот мо ҳам бо барномаи худ вориди интихобот мешавем. Хоҳиши аввали мо ин ҷорӣ намудани ислоҳоти кишоварзӣ буда, дувум аз байн бурдани андозбандӣ барои соҳибкорони хурду миёна мебошад. Илова бар ин, талоши худро барои он равона хоҳем кард, ки молҳои ниёзи аввали мардум, аз қабили орд, равған, шакар ва гӯшт комилан дар ихтиёри давлат бошад, на соҳибкорони алоҳида.”
ДАР БОРАИ АНДОЗ, ТИҶОРАТ, ПАХТА...
Озодагон: Яъне ки тиҷорат аз соҳибкорон гирифта шавад? Чаро?
Исмонов: “Беҳтар аст, ки давлат худаш харидорӣ намояд орду шакару равғанро. Ин барои назорати низоми нарх ва сифати маҳсулот бисёр муҳим аст. Ҳоло дар бозорҳои мо касе кафолати сиҳатии мардумро дода наметавонад. Барои тоҷирон даромад дар ҷойи аввал қарор дорад. Ин метавонад амнияти озуқаворӣ бошад. Ҳоло ҳукумат наметавонад комилан ҳамаро таҳти назорат бигирад.”
Озодагон: Пас, барномаи Шумо танҳо аз ислоҳоти кишоварзиву назорати бозорҳо иборат аст?
Исмонов: “Не, ин як паҳлуи корҳои мост. Дар умум, мо бештар атрофи кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, ройгон кардани бахши тандурустӣ ва паст кардани андозбандӣ барои соҳибкорони хурду миёна кор хоҳем кард. Нуктаи муҳими барномаи ҲДТ ин рушди хоҷагии деҳот мебошад, ба хусус, пахтакорӣ. Вале барои роҳандозӣ кардани ин барномаҳо мушкилот ҳам вуҷуд дорад, мушкили аслӣ ин одат кардани мардум бо ин шеваи шароиту зиндагӣ мебошад.”
“МОРО БАРОИ ОН КИСАГӢ МЕГӮЯНД, КИ...”
Озодагон: Агар мардум ба ин шароити зист одат карда бошанд, Шумо чӣ гуна онҳоро водор хоҳед кард, то ба тарафдориятон овоз диҳанд?
Исмонов: “Рисолати ҳизбҳои сиёсӣ ҳам дар ин аст, ки дар чунин шароит ва бо чунин мардум кор карда тавонанд. Агар як нерӯи сиёсӣ мардумро аз паси худ бурда натавонад, чӣ гуна метавонад маъруфиятро ба даст орад. Мушкилот ҳастанд, вале мо бояд то ба охир биравем.”
Озодагон: Атрофи ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳам сарусадо зиёд аст. Ишораҳо ҳам ҳастанд, ки на ҳамаи 8 ҳизби сиёсӣ устувор ва ҳизби мухолифи воқеӣ ҳастанд. Ишораҳо ба “кисагӣ” будани ҳизбҳо ҳам мешаванд. Атрофи ҲДТ ҳам дар солҳои охир чунин ҳарфҳо гуфта мешаванд. Шумо бо чӣ исбот мекунед, ки ҳизби мухолифи воқеӣ ҳастед?
Исмонов: “Ҳеч имкон надорад, ки як ҳизбро ҳукумат харида бошад. Моро ҳукумат нахаридааст. Мо анҷуман баргузор кардем. Намедонам, шояд ҳукумат барои мо фурсат, имконият дод ва ё умуман аҳамият надод, то мо барои эҳёи ҳамин ҳизб тасмим бигирем. Мо муҳтоҷи ҳукумат нестем ва ҳукумат ҳам муҳтоҷи мо нест. Мо дар рақобат ҳастем. Шахсан ман 6 соли охир ба тиҷорат машғул будам. Вақте бо демократҳо якҷо шудам, дарк кардам, ки мушкилот пеш меояд. Вале дигар имкони баргаштан набуд. Аслан моро барои он ҳизби кисагӣ мегӯянд, ки мо дар робита ба воқеаҳои кишвар вокуниш нишон намедиҳем. Мо эълон доштем, ки ҳизби мухолифи конструктивӣ ҳастем. Аз тарафи дигар одам бояд бидонад, ки дар куҷо интиқод мекунад. Фарз кардем, дар мулоқот дар САҲА (ОБСЕ) ҳизбҳои мо аз вазъияти мавҷуда зиёд эътироз мекунанд. Вале мо бояд аввал бибинем, ки САҲА чӣ созмон аст. Охир ин як ташкилоти тавсиявӣ ҳаст, на бештар аз ин. САҲА ҳеч мушкили моро ҳал карда ҳам наметавонад.”
ЭҲЁИ ҲДТ?
Озодагон: Вақте мушкилот ҳаст, Шумо онро медонед, эътироз намекунед, пас, бурди худро дар интихобот то куҷо пешбинӣ мекунед?
Исмонов: “Натиҷаи интихоботро пешгӯӣ кардан имкон надорад. Танҳо мардум бо ширкати худ метавонад дақиқ намояд, ки барандаи интихобот кӣ хоҳад буд. Пешгӯӣ кардан мушкил аст. Ҳоло фурсате хуб аст, ки ҲДТ бори дигар худро барои мардум муаррифӣ намояд. Ин як гуна таблиғи ҳизб ҳам гӯем, иштибоҳ нахоҳем кард. Бо ширкати худ дар интихоботи президентии соли 2013 мо ҲДТ-ро эҳё ва муаррифӣ мекунем.”
Озодагон: Тавре маълум аст, яке аз собиқадорони ҳизби Шумо, Ойниҳол Бобоназарова аз тарафи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон вориди майдон шуда, барои ба даст овардани курсии президентӣ рақобат хоҳад кард. Назари Шумо чист? Оё шумо намехостед, ки хонум Бобоназарова аз тарафи ҲДТ муаррифӣ гардад?
Исмонов: “Нахуст бояд бигӯем, ки хонум Бобоназарова аз аъзои қаблии ҲДТ буда, баъдан ақидаи худро иваз карданд. Мо ҳоло наметавонем дар мавриди кору фаъолияти эшон чизе бигӯем. Инро бояд мардум баҳо бидиҳад. Мо барои он аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ накардем, чун мехостем дар интихоботи мазкур яке аз собиқадори худро муаррифӣ кунем. Ғайричашмдошт, дар анҷуман маро пешниҳод карданд.”
“ҲАМАИ ХАРОҶОТРО ХУДАМ МЕПАРДОЗАМ”
Озодагон: Вақте баъзе аз аҳзоби сиёсӣ ба далели камбудии маблағ ба танҳоӣ вориди интихобот нашуданд, ҲДТ имкони пардохти ҳамаи хароҷотро дорад?
Исмонов: “Дар давраи интихобот тамоми хароҷотро ман аз ҳисоби худам ба назар гирифтаам. Давоми 6 соли охир ба тиҷорат машғул будам. Тиҷорати маҳсулоти озуқа доштам. То имрӯз хароҷот аз ҳисоби худам буд. Аслан дар интихобот он қадар зиёд маблағ сарф намешавад. Ман намедонам, ки чаро баъзе аз ҳизбҳои мо аз ин чиз ҳангома месозанд. Мо ҳам дастгирии молӣ аз касе надорем, вале ман ҳозирам то ба охир бо маблағи худ равам. Шояд то ба охир ҳудуди сад ҳазор сомонӣ сарф шавад, на аз ин бештар.”
Озодагон: То ба ҳол ҲДТ чанд ситод ва гуруҳи корӣ дорад?
Исмонов: “Мо дар шаҳрҳои Душанбе, Кулоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанду Хоруғ гурӯҳҳои ташаббускор таъсис додаем. Тахминан дар шаҳру навоҳии кишвар мо 165 гурӯҳи корӣ дорем, ки онҳо аз 3-4 нафарӣ иборат ҳастанд.”
Озодагон: Ба назари Шумо, фазои сиёсии интихоботи соли 2013 аз соли 2006 чӣ фарқ дорад, албатта агар дошта бошад?
Исмонов: Ин навбат масъулини Кумисюни марказии интихобот бештар омодаи ҳамкорӣ ҳастанд. Мо бисёр нофаҳмӣ ва ё мушкилотро тавассути зангҳои телефонӣ метавонем бартараф намоем. Илова бар ин, дар интихоботҳои қаблӣ танҳо як китобчаи САҲА (ОБСЕ) буд, аммо ин навбат худи КМИР ҳудуди 8 тавсиянома таҳия кардааст.”
“МАН АЗ ДИГАРОН КАМ НЕСТАМ”
Озодагон: Одатан шикоятҳо атрофи тақаллубкорӣ ва ғайришаффоф баргузор гардидани интихобот дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Ба назари Шумо, интихоботи соли 2013 дар кадом фазо баргузор хоҳад шуд?
Исмонов: “Ин айби ҳамон шахсияте ҳаст, ки аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ мекунад. Онҳо бояд ғолиби худро пешбарӣ намоянд. Тавре мегӯянд, шахсияти пирӯз дар ҷомеа муҳокима намешавад.”
Озодагон: Шумо аз миёни номзадҳое, ки то имрӯз пешбарӣ шудаанд, киро рақиби аслии худ меҳисобед?
Исмонов: “Бубинед, чун Эмомалӣ Раҳмон раҳбари давлат ҳаст ва раиси ҳукумат аст, баъзе имконияти зиёд доранд. Тарафдорони зиёд доранд. Олим Бобоев ҳам дар интихоботи қаблӣ ширкат доштанд, таҷриба доранд. Онҳое, ки дубора мемонанд, таҷриба доранд, метавонанд камбудҳои қаблиро ислоҳ кунанд. Ман фикр мекунам, рақиби ҷиддии ман танҳо Эмомалӣ Раҳмон шуда метавонад. Агар ман аз дигар номзадҳо зиёд ҳам набошам, кам ҳам нестам.”
“СИЁСАТ ЗАНУ МАРД НАДОРАД”
Озодагон: Ва дар охир. Бори нахуст аст, ки барои курсии президентӣ дар Тоҷикистон як зан талош мекунад, назари Шумо чист?
Исмонов: “Байни зану мард дар сиёсат бояд фарқ набошад. Ин муносибати хонаводагӣ нест, ки миёни зану мард мо фарқ гузорем. Ин муносибати сиёсӣ аст, сатҳи сиёсӣ аст. Барои чӣ зан натавонад ворид шавад, барои чӣ зан ҳуқуқ надоштааст. Дар сиёсат зану мард нест.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |