"Ансоруллоҳ" аз парлумон хост, созишномаи пойгоҳи 201-ро тасвиб накунад

Ҷамоати Ансоруллоҳ, як созмони мамнӯи мазҳабӣ, бо пахши изҳороте аз ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон қотеона талаб кардааст, аз тасвиби созишномаи будубоши низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар кишвар худдорӣ кунанд. Дар ин изҳорот, ки дар торнамои расмии Ҷамоати Ансоруллоҳ нашр гардид, омадааст, созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон зидди арзишҳои исломӣ ва манофеи миллии мардуми тоҷик мебошад.
“Ҳар санаде, ба ҳар давлати куфрие, ки бо лашкар ва созу барги низомиаш дар дохили сарзамини Тоҷикистон ё дар марзҳои он иҷозаи буду бош диҳад, хусусан буду боши дахлнопазир ва ё ҳар санаде замину ҳавои Тоҷикистонро дар ихтиёри куффор барои саркӯб намудани мусулмонон қарор диҳад ва ё фурӯхтани қисмате аз сарзамини Тоҷикистонро ба куффор иҷоза диҳад, лағв ва фоқиди эътибор мебошад. “Ансоруллоҳ” ингуна санадҳоро шадидан маҳкум намуда, ба расмият намешиносад”,-таъкид шудааст дар изҳорот.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ ин ҷамоат ба имзо расидани созишномаи будубоши нерӯҳои русиро дар Тоҷикистон маҳкум карда, онро таҳқир бар миллат ва зери суол рафтани истиқлолияти кишвар унвон карда буд.
Тарҳи созишномаи будубоши низомиёни рус рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои тасвиб ба парлумони кишвар фиристода шуд. Қарор аст, Маҷлиси Намояндагон ин тарҳи созишномаи миёни Душанбеву Маскав рӯзи якуми октябри соли ҷорӣ, дуруст дар рӯзи оғози кори вакилони парлумон, баррасӣ намояд.
Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик як шохаи созмони Ал-Қоида ва ҳадафаш “аз роҳи зӯроварӣ сарнагунии сохти конститутсионии Тоҷикистон” мебошад, моҳи майи соли 2012 фаъолияташ аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда шудааст. Мақомот дар оғоз гуфтанд, Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) раҳбари ин созмон аст, аммо баъдан номи Мулло Амриддинро ба забон оварданд. Бо ин ҳол, маълум нест, ки раҳбарии ин созмон дар Тоҷикистонро кӣ ба уҳда дорад ва қароргоҳи онҳо куҷост. Вале ин созмон бештари муроҷиатнома ва даъватҳову навори видеоияшро тавассути торнамои "Иршод", ки дар Тоҷикистон дастнорас аст, пахш мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |