КМИР ба номзадҳо 25000 сомонӣ ва 30 дақиқаи телевизионӣ медиҳад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми сентябр, бо пахши як иттилоия гуфтааст, ба ҳар номзад ба мақоми президентӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд.
КМИР хабар медиҳад, ки маблағгузории интихоботи президенти Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад ва ахиран дар як ҷаласаи КМИР масъалаи таъминоти баробари моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ барои ҳамаи номзадҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласаи КМИР қарор шудааст, ки ба ҳар номзад барои чорабиниҳои пешазинтихоботӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 25.000 сомонӣ ҷудо карда шавад: “Ҳамзамон тибқи ин Қарор субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадро ба мансаби президентӣ доранд, метавонанд аз ҳисоби маблағҳои худ ба номзад ба мансаби президентӣ ба миқдори умумӣ дар ҳаҷми то 200.000 (дусад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.”
Манбаъ афзуд, ки инчунин чопи плакатҳо бо барномаи пешазинтихоботӣ, тарҷумаи ҳол ва расми номзад ба мансаби президентӣ барои ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. КМИР таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузорӣ ҳар гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар кори бо пултаъминкунӣ ва дигар хел дастгириии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби президенти ҷумҳурӣ манъ аст.
КМИР меафзояд, ки маблағҳо ба номзадҳо танҳо баъди сабти расмияшон ироа хоҳанд шуд.
Инчунин ба иттилои Комиссияи марказии интихобот, баъди оне, ки номзадҳои пешбаришуда, 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуда, расман сабт мешаванд, ба онҳо дар телевизионҳои давлатӣ 30 дақиқа ва барои шахсони боваринокашон 20 дақиқаӣ минбар ироа хоҳанд шуд.
Айни ҳол барои мақоми президент Ҳизби наҳзати исломӣ номзадии Ойниҳол Бобоназарова, Ҳизби коммунистӣ -Исмоил Талбаков, Иттифоқи ҷавонон ва касабаҳо - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ-Олим Бобоев, Ҳизби сотсиалистӣ-Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби аграрӣ-Толиббек Бухориев ва Ҳизби демократ-Исмон Ҷаъфаровро пешниҳод кардааст. Дар ҳоли ҳозир маъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории ин номзадҳо идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |