Раҳмон “Тоҷиксемент”-ро бе гази Узбакистон фаъол кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми октябр, калонтарин корхонаи сементбарории кишвар, “Тоҷиксемент”-ро, ки дар пайи қатъи интиқоли гази Узбакистон аз кор монда буд, пас аз таваққуфи даҳмоҳа дубора фаъол кард.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, “ҳоло дар ин корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нави технологӣ ба ҷойи гази табиӣ ба ҳайси сӯзишворӣ аз ангишт истифода карда мешавад. Захираи ангишт ва ашёи хоми барои истеҳсоли семент зарурӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, барои садсолаҳо басандагӣ мекунад.”
Ба иттилои манбаъ ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад: “Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав камасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеч гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.”
Тавре иттилоъ дода шуд, навбати дуюми корхонаи сементи шаҳри Душанбе пас аз ду моҳи дигар ба кор даромада, иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 360 ҳазор тонна маҳсулот расонда шуда, шумораи коргарон боз ҳам афзун хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, ки сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, аз ҷумла аз таъсири манфии сулфат ва дигар элементу моддаҳои кимиёӣ эмин мемонад ва аз ин хотир дар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи навбати дуюми корхона дастур дода, таъкид кард, ки иқтидори ин корхона дар оянда бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |