Бахшҳо
05 окт 2013 16:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)

Нилуфари КАРИМ

Саҳомони бинои баландошёнае, ки дар кӯчаи “Бохтар-46”-и Душанбе қомат афрохта, вале сохтмонаш бар асоси Генплан қатъ шудааст, изҳори норизоӣ карданд. Онҳо рӯзи панҷуми октябр дар як нишаст эълон доштанд, ки базудӣ барои додхоҳӣ пушти дари Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, хоҳанд рафт.

Қодир Сатторов, яке аз онҳост, ки мегӯяд, барои манзили сеҳуҷрагӣ дар ин бино 67 ҳазор доллар пешпардохт кардааст. Вай мегӯяд, дар сурати тахриби ин бино ва ё табдили он ба бинои маъмурӣ умеду орзуҳояш барбод рафта, намедонад ин миқдор пулро аз куҷо пайдо мекунад: “Дар километри ҳафтуми ноҳияи Шоҳмансур хона доштам. Аммо ба хотири он ки аз маркази шаҳр ва аз бинои ба таври замонавӣ сохта шуда хона харам, онро фурӯхтам. Пеш аз пардохт намудани маблағ мо тамоми ҳуҷҷатҳои сохтмони биноро дида баъд шартнома бастем.”

Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, қарор кард, ки сохтмони биноҳои баландошёна дар маркази пойтахт қатъ гардад. Аммо соҳибони бинои баландошёна дар кӯчаи “Бохтар-46” мегӯянд, қатъи сохтмони ин бино даҳҳо оиларо, ки ба онҳо барои бунёди манозили баландошёна пул додаву ду сол боз бо умед интизори анҷомёбии онанд, бехонаву дар хоҳад гузошт. Шукур Мансуров, роҳбари бинои “Бохтар-46”, дар сӯҳбат бо мо гуфт, пеш аз оғози сохтмони бино қарори шаҳрдорӣ, иҷозатномаи архитектура, хулосаи Оҷонсии сохтмон ва меъмориро дарёфт карда, инчунин зиёда аз 13 мақомоти давлатӣ дар ҳуҷҷати онҳо муҳр гузоштаанд: “Ҳангоме овоза шуд, ки бояд сотмони бинои мо боз дошта шавад, ба ман чанд бор аз ҳукумати шаҳр гуфтанд, ки Убайдуллоев ягон бори дар сари вазифа буданаш қарори баровардаашро лағв накардааст. Агар вай барои ягон сохтмон иҷозат дода бошад, сохтмон то охир сохта мешуд. Ман бо раиси шаҳр дар як ҷаласа пурсидам, ки чӣ кор кунам, агар бино сохта нашавад саҳомон маблағашонро аз ман мепурсанд ва ҳамаи маблағ барои сохтмон сарф шуда истодааст. Раиси шаҳр ба ман гуфт, мо Шуморо миёни роҳ намегузорем. Ман, ки қарор бароварда бошам, бино сохта шавад, ҳатман сохта мешавад. Ин қарори ҳукумат аст.”

Оқои Мансуров инчунин гуфт, танҳо барои сохтмони 7 ошёнаи бинои “Бохтар-46” тақрибан 5 миллион доллар харҷ кардаанд. Ин бино аз сӯи ширкати туркии “Трас иншаат LTD” бунёд мешавад, ки тамоми маҳсулоти сохтмонӣ ва қисме аз сохтмончиёнаш ҳам аз Туркия оварда шудаанд. Ҷамолиддин Урал, роҳбари бахши молии ширкати мазкур, гуфт, “айни ҳол 7 сохтмончии мо аз Туркия дар Душанбе ҳастанд, ки баъд аз боз доштани сохтмони бино бе кор гаштаанд. Хароҷоти онҳо пешакӣ пардохт шудааст. Аз бекорӣ ва интизорӣ чанд нафарашон ба ватани худ баргаштанд. То иҷозати идомаи сохтмонро гирифтан, сохтмончиёни тоҷикро ҷавоб додем, то ки бе кор намонанд.”

Як моҳ пештар Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, дар доираи нақшаи генералии шаҳр, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»-и Маскав таҳия шудааст, қарор намуда буд, 36 бино аз маркази Душанбе бардошта шаванд. Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, “дар доираи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» 36 бино дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Руставели, Пушкин ва Теҳрон бардошта мешаванд. Аз ҷумла, тахриби бинои “Тоҷиктелеком”, бинои раёсати муҳофизати ғайриидоравӣ, бинои маъмурӣ ва дафтарҳои корӣ, бинои маркази Фалак (осорхонаи Гурминҷ Завқибеков), додгоҳи Исмоили Сомонӣ, биноҳои маркази варзишии “Таэквандо”, мағозаю қаҳвахона, Додситонии шаҳри Душанбе, сафоратхонаи Эрон, бинои вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳудуди 22 бинои истиқоматии аз 1 то 4-ошёна дар назар аст.”

Шаҳрдорӣ дар қарори худ аз масъулин хоста буд, соҳибони биноҳои чаппашаванда огоҳ гарданд ва ҳаққи қонунии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба онҳо дода шавад. Таъкиде, ки саҳомони биноҳо ба он бо як нобоварӣ менигаранд ва мегӯянд, аз эҳтимол дур аст, ки мақомот тамоми пули онҳоро баргардонанд.

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)

Бохтар-46: "Убайдуллоев гуфта буд, Шуморо дар нимароҳ намегузорам" (АКС)
Мӯҳр
Мутаассифона, дар ин давлат на суд ҳасту на адолат.
Вагарна, биноро то 7 табақа сохтаанд.
Ин ҷо танҳо гуноҳи раиси шаҳр аст, ки сохтумони ин биноро бе
ҲАМОҲАНГӢ бо нақшаи генералии шаҳр рухсат додааст.
Ӯ бояд ва ҳатман рухсати идомаи сохтумони онро диҳад.
Ин чӣ сиёсат аст, ки аввал рухсат баъд манъ?!
Барои ҳаққи худ ин мардуми мазлум, ки масхараашон кардаанд, то охир мубориза баранд.
Моли мӯъмин - хуни мӯъмин!

Як масъалаи дигари муҳимро касе намебардорад. Магар барои рухсати сохтумони биноро гирифтан ришва намедиҳанд?

Як дӯсти ман, ки дар маркази шаҳр биное сохт, гуфт барои гирифтани рухсати сохтумон ҳамин қадар пул додам, ки ба ҳар як хонахар 8 ҳазор долларӣ афтод. Ана, ин аст як сабаби қиматии хонаҳо дар пойтахт!
Тавонед, дар ин бора нависед.

Иззат
Дар шахри Истаравшан сохтмони мадраса бо пули имардум сохта шуд, лекин хукумат кашида гирифт то инки мактаб созад лекин ин мактаб сози вазифаи хукумат аст аммо хама медонад, ки хукумат тегинхур аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)