Бахшҳо
08 окт 2013 13:06Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми октябр, давоми як соат дар кӯчаҳои Тӯрақул Зеҳнӣ ва Титови ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова машғул шуда, дар суҳбат бо “Озодагон” бардошташро аз ин раванд изҳор дошт.

Кабирӣ гуфт, аз соати 9:50 шурӯъ карда, то соати 10:55 ҳамагӣ 10 имзоро ба тарафдории Бобоназарова ҷамъ кард: “Дар рафти ҷамъ намудани имзоҳо маълум шуд, ки мардум хеле боэҳтиёт ҳастанд ва на ҳама мехоҳанд, ки имзо гузоранд. Ба хусус вақте сухан дар бораи рақами шиноснома ва дигар мушаххасот меравад. Бештари мардум мегӯянд, ки шиносномаҳояшонро раиси маҳалла ҷамъ карда бурдааст, қисми дигари мардум мегӯянд, ки соҳибхона нестанду меҳмонанд, вале маълум буд, ки соҳибхона ҳастанд. Қисми дигари мардум гуфтанд, ки ба тарафдории ҳеч кас имзо намегузоранд, яъне худдорӣ карданд.”

Кабирӣ аз таҷрибаи яксоатаи ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова гуфт, “ин кор хеле душвор будааст, аммо ба ин нигоҳ накарда, ҷавонони ситоди Ойниҳол Бобоназарова тавонистанд дар ин шабу рӯз беш аз 180 ҳазор имзо ҷамъ оваранд.”

Кабирӣ бо зикри мушкилоти ҷамъоварии имзо эълони бархе аз аҳзоби сиёсиро дар мавриди ҷамъоварии имзо шубҳаовар хонд: “ Ман ба он ҳизбҳое, ки эълон кардаанд, дар давоми 2-3 рӯз 210 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд, гуфтаниям, ки як каме бо эҳтиёт суҳбат кунед ва биёед бо мардум имзоҳоро худатон ҷамъ кунед ва баъд ин рақамҳоро эълон кунед. Ман аз таҷрибаи яксоатаи худ дидам, ки дар 2-3 рӯз ҷамъоварии 150-200 ҳазор имзо имкон надорад.”

Аз Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки то ҳол ба тарафдории номзадашон 185 ҳазору 800 имзо ҷамъ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро аз 7-уми октябр то соати 18:00-и 10-уми октябр тамдид кард. Айни ҳол барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳафт нафар номзад шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, яке аз онҳост. Аз анҷоми маъракаи имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳояшон то ҳол танҳо Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби халқӣ-демократӣ хабар додаанд.


Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)
Мӯҳр
Молодец Кабири мо бо шумоем так держать

Сайоди Сайд
Кабири тамоми колабхоро шикаст. Яккум ин ки ХНИТ аз зан пуштибони мекунад. Дуввум ин ба чамъ намудани имзо худаш баромад. Бехтарин, оли, кош Рахмонов низ зуд ба чамъоварии имзо мебаромаду ин чоплусонаш имзохоро калбаки чамъ наменамуданд.

точик
Хуш ба холи нахзатихо, ки чунин рахбар ва раис доранд. Мошоаллох Устод!

Сайоди Сайд
Агар хизби хоким 230 000 имзо чамъ намуда бошад аз он наздик ба 50 000 имзои ичбории донишчуён мебошад.

Чаноби Икс
Ахсант ба шумо Чаноби Кабири! Худо муваффак гардонад!

Халил
Зинда бошед то абад. Хамин намуд сардор зарур аст барои халк. дар хидмати халк бошед ва обод бошед.

Холисанлилох, ки ба идеялогия ва фаъолияти ХНИТ (хамчун институти сиёси) мароку иртибот надорам. Аммо офарин ба Мухиддин Тиллоевич! Дар ин миллат Кабири барин шахсиятхо ангуштшуморанд. Аз мавзуъ берун аст, вале мардонавор бояд икрор шуд, ки дар эшон кариб хама чиз зебост. Вориси ниёгони барнодили мост. Фахми бузург, андешаи волло, фаросати расо, харфу амали тахаммул, ихтилофи хоксорона, танхо хоси уст. Ахсан.

Сафочон
ПЯРИ навбатии Кабири..

Ҷаноби Кабирӣ, худат зеби президентӣ доштӣ, вале мутаассифона умедҳои пайравонатро баробод додӣ. Бо ин ҳама дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҷаззобтарин чеҳра ҳастӣ. Муваффақият ёрат бод!

Устод мо чанд руз интизор шудем, ки намояндахои шумо меоянду мо хам ба вракахо имзо мегузорем. Чун дидем мухлат меравад худам хамрохи фарзандонам ба идораи ХНИТ омада дар варакахо имзо гузоштам. аз дигарон низ хохиш менамоям, ки интизори омадани имзочамъкунандахо нашуда, агар Шумо вокеан хохони дигаргуни ва ислохотед, худатон ба идораи хизб омада бва варакахо имзо гузоред. Шахсан ман узви ягон хизб нестам, вале номзади ИНИТ-ро дастгири мекунам ва тарафдори дигаргуниву пешравии Точикистонам

nabi
sad ofarin ustod.
shumo piruz hasted, chi baranda shaved chi nashaved.

кулоб
иншоалох пируз хохед шуд устод кабири чамовари имзоро идома дихед худованд дар ёри хакикат чуён аст на дар ёри ситамгорон

ҲНИТ бо раисаш тамоми қолабҳоро шикастанд. АГАР ХОҲЕД ТЕЗТАР БА ВВАРАҚАҲО ИМЗО ГУЗОРАНД БО УЧАЧСКАВОЙ Ё РАИСИ МАҲАЛАЮ ДОМКОМ БИЁЕД ТЕЗ ИМЗО МЕГУЗОРАНД. иН МАРДУМ ФАҚАТ АЗ МАҚОМОТ ТАРСУ БОВАРӢ ДОРАД. хУБ ШУД, КИ НОМЗАДИРО НАГУЗОШТЕД, ЗЕРО МАРДУМ МУТААССИФОНА, ҲОЛО ҲАМ БЕДОР НЕСТУ ҲУҚУҚҲОИ ХУДАШОНА НАМЕДОНАНД. оФАРИН. кОШ ДИГАР РАИИСОНИ АҲЗОБ ЧУНИН РАФТОРИ ХОЛИСОНА М ЕДОШТАНД. оРОМИЮ ИСТИҚРОР БА НАФЪИ МУС УЛМОНОН КОР МЕКНАНД. аММО НЕРУҲОИ РАСМИЮ ДУНЯВӢ, КИ УМРАШОН КУТОҲ АСТ, МЕХОҲАНД, БО ИСТИФОДА АЗ ИШТИБОҲОТИ РАВШАНФИКРОНИ МИЛЛАТ ВА НЕРУҲОИ ИСЛОМӢ КИШВАРРО БА ИХТИЛОФИ ХУНИН КАШАНД. зИНДА БОД ХУДОГОҲӢ ВА РАВШАНГАРОӢ!

А
Офарин устод Худованд рар панохаш нигахбон бошад иншоаллох пируз хохедшуд. Хамеша дуогуи шумоем. Мо бошумоем!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)