Бахшҳо

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри баҳсбарангези “Карон”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми октябр дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Дарвоз нахуст аз бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон дидан кардааст. Мавзӯи қадимӣ будани Карон чанд соли қабл аз тарафи донишманди тоҷик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ матраҳ шуда, Мӯъмин Қаноат -- шоири тавонои тоҷик онро дар “Ёддоштҳо ва бардоштҳо”-яш зикр кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Карон зикр шудааст, ки ин шаҳр тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиёни бостонӣ рост меояд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур “маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби Авасто, майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.”

Бар асоси пешгӯии олимони бостоншинос, боқимондаҳои деворҳои иҳотавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳри ҳокимнишин тақрибан дар масоҳати 100 гектар доман паҳн намуда будааст.

Аммо ахиран С.Бобомуллоев, доктори илмҳои таърих, дар як матлаби худ дар “Ҷумҳурият”, нашрияи ҳукумати Тоҷикистон, арзиши таърихии Каронро муболиға хонда буд. Бобомуллоев аз ҷумла навишта буд, “тайи ду-се соли охир дар матбуоти даврӣ ҳангомае оид ба кашф гардидани шаҳри қадимтарин дар Дарвоз аз ҷониби доктори илмҳои таърих, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Юсуфшоҳ Яқубов бархостааст. Кашшофи он Яқубов ва ҳаммаслаконаш аз қабили Мӯъмин Қаноат исбот карданианд, ки гӯиё онҳо як саҳифаи ноаёни таърихи тоҷикро кашф намудаанд.”

Бобомулоев дар ин мақолаи худ дар нашрияи “Ҷумҳурият” гуфта, ки “то ҳол аз минтақаи Дарвоз ҳеҷ як далели бостоншиносие пайдо нашудааст, ки ба ҳазорсолаи 3-и пеш аз милод мансуб бошад.” Бо ин ҳол, мавзӯи Карон ҳоло матраҳ аст ва Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ гуфта буд, ин шаҳри қадимӣ ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО шомил бишавад. Вай то кунун бо забони тоҷикиву англисӣ муаррифиномаеро бо номи "Кашфи шаҳри Каррон" низ ба табъ расондааст.

САФАРИ РАҲМОН БА БАДАХШОН
МУЛОҚОТ ДАР ВАНҶ
Мӯҳр
Олим
То ба кай таърихшиносии точик гаравгони Масов барин академикхо мемонда бошад.

Ин хама бофтаву сохта ба хотири зинда кардани дини мурдаву пусидаи зардушти.
Моро ба оташу обпарасти даъват накунед. Тарихи мо акидатан аз ислом сар мешавад.

в
Екубов инро аз худ бофтааст. Бо фармони хукумат.

Ин ҳақиқат дорад, зеро дао он суйи оби дарёи панҷ ҳоло кандков ва ҳафриёт нагузаронидаанд. Дар даврони шӯравӣ танҳо дар қисмати чапи рӯдхонаи панҷ кофтукобҳои археологӣ гузаронида шуда буд. Дар қисмати Султон Шикошими Афғонистон шаҳри Кивирис дар зери хок мондааст. Агар дар онҷо ҳафриёт гузаронанд муаммои мавҷудияти шаҳри Карон ҳал хоҳад шуд.

мухтор,
Фанатики ислом нашав

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)