Бахшҳо

Шӯрои уламо аз ҳар масҷиди ҷомеъ 600 сомонӣ “идӣ” мехоҳад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр дар ҷаласаи худ қарор кардааст, ки масоҷиди ҷомеъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъоваришуда дар намози Иди Қурбон 600 сомонӣ ба хазинаи Маркази исломӣ бисупоранд. Дар қарор гуфта шудааст, ин миқдор маблағ ҳаққи аъзогии масҷидҳои ҷомеъст, на чизи дигар.

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, дар ин ҷаласаи худ Иди Қурбонро рӯзи сешанбеи 15 октбяр мушаххас кардааст. “Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 7:30 оғоз меёбад”,-омаааст дар қарор.

Шӯрои уламо дар идома имомхатибонро вазифадор кардааст, ки фазилатҳои Иди Қурбонро ба мардум шарҳ дода, худашон дар хайру саховат намунаи ибрати дигарон бошанд. Инчунин, аз мардуми Тоҷикистон даъват шудааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон ба исрофкорӣ роҳ надиҳанду сириштакориро пеша намоянд.

Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.
Мӯҳр
Иди Курбонро баирои кулли мусулмонтаборои чахон табрик мегуям

ф
Ира доля меган. Маркази исломи як макомоти хукуматист. Чи хеле ки хукумат кор мекуна, ин хам хамин хел.

устувор
ээээвооооооой ин чи гапппппппп одамон аъзохакки месуприданд акнун масчидхо

Ахиран маълум шуд Иди Курбон Ман донишчуи ДМТ мебошам аз н Фархор ин хабарро интизор будам. Иди Курбонро ба хамаи хамватанон табрик мегуям.

д
Модоме ки ин пулро муфтиет кашида мегирад, шахсан ман як тини пучакро ба масчид намедихам. Ба ягон камбагал садака медихам.

Мо донишчуен бисёр мехохем фахмем,ки дар Иди Курбон чанд руз цавоб медиханд.

Илтимос агар тавонед гуед.ки дар иди Курбон факат рузи ид цавобем ё ягон рузи дигар цавоб медиханд.Рамазон нохияи Фархор донишчуи ДМТ дехаи Шафтолубог

Фабрикаи чавоб
Бачахо

Танхо рузи 15 Ид хаст. Тамом. 16 рузи кори.

Рузи кории душанбе ба рузи шанбе кучонида шуд. Рузхои якшанбе, душанбе, сешанбе (13.14.15) истирохат эълон мешавад.

кулоби
Ман акнун ба хулоса омадам ки дигар дар масчид ки тобеъи хукумат аст хайр накунам чунки исроф мешавад он пулхо чамъ шуда ба кисаи ким ки меравад на ба бечорагон .

Бекор
Садакаро ба бенавоёни махали худ дихед, дар сурати гайр кадом масъули Шурои "уламо" -ро сохиби хонаву мошин мекунед!

Илтимос ягон кас росташро нависад,ки дар ид чанд руз цавоб медиханд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)