Бахшҳо
09 окт 2013 14:57Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Сафири Эрон баъд аз 6 сол Тоҷикистонро тарк мекунад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст -- сафири Эрон дар Душанберо ба далели анҷоми ваколатҳои сафирияш ва бо хоҳиши худи ӯ ба ҳузур пазируфтааст. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллӣ, ба “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев ба Шеърдӯст барои фаъолияти пурсамар дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти дипломатӣ ва саҳми ӯ ба тавсеаёбии муносибатҳои миёни ҳар ду кишвар изҳори сипос кардааст.

Убайдуллоев гуфтааст, Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои ногусастании таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ мебошанд ва ин арзишҳо бо мусоидати Шеърдӯст таҳким ёфтаанд. Оқои Шеърдӯст ҳам дар навбати худ аз ҳамкории судманд бо Маҷлиси Миллии Тоҷикистон миннатдорӣ карда, гуфтааст, минбаъд низ равобит байни парлумонҳо ба нафъи мардуми ҳарду кишвар дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ хидмат хоҳад кард.

Алиасғари Шеърдӯст аз соли 2007 ба ин тараф сафири Эрон дар Тоҷикистон мебошад. Қаблан расонаҳо гуфта буданд, бо вуҷуди он ки аз маъмурияти ӯ шаш сол сипарӣ мешавад, вай зоиҳран қасди вогузор кардани ин мақом ба шахси дигарро надорад. Дар асл маъмурияти Алиасғари Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфта, вале ӯ муҳлати сафирияш дар Тоҷикистонро тамдид карда буд.

Оқои Шеърдӯст дар тӯли сафирияш дар Тоҷикистон баландтарин ҷоизаи адабӣ - "Рӯдакӣ"-ро барои китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон" дарёфт карда, соли 2010 ба узвияти хориҷии Академияи улуми Тоҷикистон ҳам пазируфта шудааст.
Мӯҳр
иронидуст
Нихоятеее аммо такдири тачхизоти телевизиониаш чи мешуда бошад??7

Саид
Шеъдуст ҳаргиз рафтанӣ набуд, ба Теҳрон фаро хонда шудааст....

Салом ба хама!Дар асл Шеърдуст буд. Вале барои сиёсат шеър лозим нест.

[иронидуст,
Бародари Эронидуст! аввал бояд Эрон навишт на Ирон, дуввум Эмомали барои кушодани телевизиони муштараки форсизабонони Навруз рози нашуд. Гуфтанд ки давлати мо исломи нестанд мо наметавонем шабакаи исломиро пахш намоем, набошад телевизион омода аст

Хайрият! Чаноби Шеърдуст дар ин 6 сол факат барои худаш кор кард! Аз пайи бемасъулиятии у шогирдонаш ба мисли Юнусу Мухсин низ сохиби тичорат дар Точикистон шуданду боз чи кадар корхои дигар карданд. Хар чизе, ки дар замони сафирони кабли ба мисли Шабистари ва Сармади буд. Шеърдуст ба фано бурд!

Саид
Барвакт тар бояд мерафт. Ин кадар шеър мехонд дуру дароз .. то тамом мекарди ба Кургонтеппа рафта мерасиди ва боз бар мегашти.. Аслан шеърхониро кам кардану кор бетар кардан даркор буд чаноби Шеърдуст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)