Бахшҳо

Раиси чойхонаи Роҳат: “Аз болои писари Ҳукумов даъво надорем. Ҳамааш хости Худост”

Саид Мансуров, раҳбари чойхонаи “Роҳат”, мегӯяд, қасд надорад, аз болои Расули Амонулло -- фарзанди 16-солаи раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бубарад.

Ӯктам Мансурови 26-сола ва Аловуддин Саидови 21-сола, ки аввалӣ писар ва дувумӣ яке аз наздикони раҳбари чойхонаи “Роҳат” мебошанд, шаби 9 октябр дар садамае дар маркази Душанбе ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки ин садамаи маргбор бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, иттифоқ уфтодааст.

Аммо Мансур Саидов, раиси чойхонаи “Роҳат”, садамаеро, ки бо марги писар ва як хешовандаш анҷомид, хости Худо медонаду мегӯяд, аз касе даъво надорад: “Дар робита ба ин ҳодиса ба ҳеч куҷо шикоят бурданӣ нестам ва намебарам. Чун ин кори Худост ва насибу тақдир ҳамин будааст.” Мо Мансур Саидовро субҳи 12 октябр дар манзилаш пайдо кардем. Вай бисёр ғамгин буд ва намехост ҳоло дар ин бора бо тафсилот сӯҳбат кунад. Аммо то он ки ба назди ӯ биравем, дар чойхонаи “Роҳат” будем ва бо кормандонаш сӯҳбат доштем. Як корманди он гуфт, “акаи Мансур аз ҳодисаи марги писараш сахт ғамгин шуда, то чанд рӯзи дигар ба кор нахоҳад омад.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Ӯктам Мансуров ва Аловуддин Саидов ҳам дар чойхонаи “Роҳат” кор мекардаанд. Яке иқтисодчӣ будаасту дигаре ошпаз. Бештари кормандони чойхонаи “Роҳат” аз онҳо бо некӣ ёд карда, гуфтанд, ин марги нобаҳангом онҳоро низ андӯҳгин кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо рӯзи 11 октябр бо пахши як иттилоия номи соҳиби BMW-еро, ки шаби 9 октябр дар Душанбе се нафар, аз ҷумла писар ва як хеши раҳбари чойхонаи “Роҳат”-ро кушт, эълон кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, соҳиби BMW Расули Амонуллои 16-сола, сокини шаҳри Душанбе, будааст.

Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш соҳиби ин BMW Асрор Ҳукумов, бародарзодаи Амонулло Ҳукумов эълон шуда буд. Бо ин ҳол, Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.”

“Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова, сокини Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Ӯктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳанд. Аммо ин садамаи маргбор бо иштироки писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов бо вокунишҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ омад. Аксарият аз он нигаронӣ карданд, ки чигуна як писари ноболиғ соҳиби БМВ буда, бидуни шаҳодатнома ронандагӣ мекардааст.

НАЗАРИ ШАРИФОВ ВА ВОҲИДОВА
СОҲИБИ БМВ МАЪЛУМ ШУД
БДА ДАР БОРАИ БМВ


Дар акс: (аз тарафи чап ба рост) Ӯктам Мансуров, мошинаи БМВ ва Расули Амонулло
Мӯҳр
Dev
Раиси чойхонаи Роҳат: “Аз болои писари Ҳукумов даъво надорем”.U bachai tarbiyadida ast, barodarash niz odami hubu didani , padarash niz odami hajotivu bohushu millatdust, tak chto az hukumati kununi ehtiromona hohish dorem sari movu kadami shumo, hured, pojmol kuned , tahkir kuned...Tojikiston az Shumost !

Саид Мансуров, раҳбари чойхонаи “Роҳат”.
Рости гап хама медонанд, ки фарзандони Хукумовро бояд набахшид хуш чи гап шуда бошад ин Саид Мансуровро ё барояш аз фарзандаш дида даромадашро зарур донистааст, ки чойхонаро мегиранд.?
Аз дасти фарзанди Хукумов зиёда аз се хазор мухочирро депортатция карданд.
Боз аз дасти фарзанди Хукумов се кас чони худро, ки дар зиндаги чандин орзую хавас доштанд доданд....хайр агар Саид Мансуровро фишор оварданду ягон даъвое надорад бояд чун дигарон Суди Оли ба мудати то бисту панч сол хабсаш кунанд.
Лекин намедонам дар Прокротура дар МВД дар Суд хамааш хешу таборхо чаъм шудаанд ба фикрам чияни Точикистон гуён хеч гап намешавад.....
ХУКМИ УРО БОЯД АЗ ПРЕЗИДЕНТ ПУРСАНД.!

Бахтиёр 46
Бехтарин кор ин бахшидани гунох аст Ба Шумо МАНСУР ака сабри чамил

Акаи САИД, КОРИ ХУБ НАКАРДИ!!! Мо медонем ки Уктамрро дигар зинда гардонда намешавад , лекин рохи ин БЕТАРТИБИХО ШУМО МЕТАВОНИСТЕД БАРХАМ ДИХЕД. Мо намедонем навбати ки аст пагах, бо ягон БЕЧОРАИ ДИГАР. ХУДО ИН КОРРО БА ТУ НАМЕБАХШАД! Шумо имруз НОМУСУ, ДЖОНИ БАЧАТОНА ба МАНСАБ иваз кардед!!! ЯКБОРИ ДИГАР ФИКР КУНЕД, ХОЛИ ХАМ ВАKТ АСТ!!!

Дилёб
Саид Мансуров Туро ки хакдода, ки аз номи он Зоти Пок сухан гуи. Дарр холе, ки Худо медонад он фароизи фармудаашро ба чо меори ё не. Агар ту худошинос мешуди бо пул чигарбандатро иваз намекарди. Хаёл мекуни ки ин мардум хофизаи мохи доранд? ё максади кудаконаи туро намефахманд.

Tajik,
Хайр чи илоч хама медонанд, ки акаи Саид хун мегиряд лекин боз чи илоч.
Ба шумо ва ба хонадонатон ва хешонатон сабру токати чамил мехохам....

Одам
Шумрор мачбури рози мекунанд лекин конун ва мардум рзи нест чинояткор бояд дарн назди конун чавоб гуяд. мардум мунтазири ичрои конун аст. ин маълум мекунад ки то чи хад коунун барои бою камбагар баробар аст ё не?

Тавба кардам Худо бизнес ва пул нангу номуси падаронро хам хурдааст

Mst
Хости Худост, лекин чинояткорро бе чазо гузори, боз сари чанд нафари дигарро мехурад. Як узви бечораро барои дузди хукми абади дар зиндон медихеду ин ки писари хештон аст холо мебинем боз рахояш мекунед. Дар Точикистон конун танхо барои камбагалхост. Ин чандин бор исбот шудааст.

Саид Мансуров ба ин бачча даъво дорад ё на, вале модоме бо айби ӯ куштор содир шудааст, дар назди қонун ҷавобгар аст. Маълум аст, чаро директори чойхона аз даъво даст кашидааст. Сараш фишорҳо сар шудаанд......

дуруст аст, ки хеч як коре бе хосту иродаи Худо намешавад. аммо ба хар як кор худи инсон сабаб мешавад. хар корро ин фарзандони хукуматихо кунанду хости Худо гуён ин ахмакист бояд чазо бинад.

Мусалмон
Э бародаро Худоро хам тухмат накунед!
Ман ба ин гапо хайронам, ки меган и хости худо будаст. Охир Худо бо шумо чи душмани дорад, ки хостаст писари шуморо бо дасти ин чинояткорча кушад?
Худованд инсонро акл додаасту хамара дар ихтиёраш гузоштааст, ки мардума накушанд. Бад инки агар ин тасодуфан мешуд як гапе дар гонка, дар вакте ки ай рохи худаш баромада як мошини бегуноха зада одамини бегуноха куштаст. Ин куштори касдан хисобида мешавад.
Гапи дига инки охи худут шикоят намекни ин букачаи маст бо пага як бечораи дигара зада мекуша. Агар ту шикоят кни акалан бад эхтиёт мекардагист охи.
Неки фикри оташаву хешоша када шикоят намекни да хуни хаму бачат чавоб мегуй ака. Мон тарста як тараф то охира бра ки бшнониш хама медонан, ки гнахгорай у.

ин беадолатист ки фарзандои раҳбарони ҳyкyмати ё фарзандони раҳбарони аҳзоби сиёси ҳар ҷyрме кардан авф мешавандy локин агар фарзанди шаҳрванди оди заррае ҳам қинyншикани кyнад ба солҳои дароз пyшти миллатҳои зиндон меравад. Мо дар кишвар зарyрат ба як низоми Yмари дорем то агар фарзанди давлатмард ё қyдратманде ҳам ки ҷyрм кард ҷазое сазоворе ба y дода шавад. Дар кишвари мо шаҳрванди оди ба мисли саг дар аврупо қадр надорад. Ҳайфи зиндаги инсони бо каромат ва ашрафул мазлуқот дар ин кишвари дорои қонуни ҷангали. Ҳайф ҳайф

малик
агар ягон кабагал мебуд ба чои Хукумовхо такдиру насиб дар ёдуш намеомад.

Муслим
Хо ин хамаш амри оллох аст вале бародари ман дар чунин хол афтод ахлу авлони чабрдида гуфтанд ки мо ягон давъво надорем чи ки шуд аз такдир мебинем ва конун ичкасро намебахшад бародари маро сол срок додан . бигзор бачаи Хукумов дар назди конун чавоб гуяд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)