Ҳуҷуми хирс ба Абдуҷаббори 15-сола дар Рашт
Ҷамолов Абдуҷабори 15-сола, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Рашт, бо сагаш дар кӯҳи ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат ҳадафи ҳамлаи хирс қарор гирифтааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Абдуҷаббор охири ҳафтаи гузашта саргарми ғундоштани чормағзу дулона будааст, ки “нобаҳангом хирсе пайдо мегардад ва саги Абдуҷаборро, дар як лаҳза бо зарбаи панҷаи худ ба ҳалокат мерасонад.”
Манбаъ мегӯяд, сипас хирс ба ноболиғ ҳуҷум карда, чанд маротиба бо нохунҳояш ба сару тани ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мерасонад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ниҳоят Ҷамолов Абдуҷабор тавонистааст, аз чанголи хирс раҳо ёбад ва айни ҳол дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |